мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон
бо Оливйе Декамп
1 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурӯҳи соҳибкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Оливйе Декампро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо 47 лоиҳа амалӣ мешавад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 150 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфти мусоҳибон, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҳамчунин нақша дорад, ки соли равон дар Тоҷикистон татбиқи боз 12 лоиҳаи дигарро бо маблағи 70 миллион доллар оғоз намояд.
Ҷонибҳо оид ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои баланд бардоштани қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва вусъат додани дастгирии соҳибкории хурду миёна гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки дастгирии бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурди кишвар ва соҳаҳои кишоварзию энергетика се самти асосии ҳамкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо Тоҷикистон аст.
Оливйе Декамп изҳор дошт, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт дастгирӣ мекунад.
Маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ яке аз афзалиятҳои асосии ҳамкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика арзёбӣ гардид.
Ба гуфти Оливйе Декамп, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо чор роҳу восита ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кӯмак мерасонад. Аз ҷумла бо роҳи зиёд намудани маблағгузорӣ аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо, ҷудо намудани грантҳо аз ҳисоби маблағҳои худи бонк, тезондани татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ва кам кардани мӯҳлати омодасозии лоиҳаҳои нав.
Оливйе Декамп ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар равона гаштааст, баҳои баланд дода, таъкид дошт:
- Ҳолати зери назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар қарор гирифтани беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар худ аллакай боиси болоравии боварию эътимоди сармоягузорон аст.
Оливйе Декамп ҳамчунин таъкид дошт, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дастгирии иқтисодиёти он ҳавасманду манфиатдор аст.
Оливйе Декамп, роҳбари гурӯҳи соҳибкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (БТРА), пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин баён намуд:
-Мо бо Ҷаноби Олӣ як қатор масъалаҳои мубрами вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор додем. БТРА шарики боэътимоди Тоҷикистон аст. Мо дар манотиқи гуногуни кишвар лоиҳаҳои зиёдеро дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ татбиқ намуда, чанд лоиҳаи дигарро ба нақша гирифтаем. Аз ҷониби мо дар соли гузашта танҳо барои рушди бахшҳои бонкӣ ва хусусии ҷумҳурӣ 50 миллион доллар интиқол дода шуд. Тасмим гирифтем, ки доираи ҳамкориҳоямонро дар соли равон дар се самти асосӣ-дастгирии бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурд, соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика вусъат бахшем.
Барои БТРА дар марҳилаи кунунӣ муҳим он аст, ки бонкҳои саҳомӣ имконияти додани қарзро ба корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна дошта бошанд. Бо ин мақсад мо дар соли равон аз нисф зиёди маблағгузориро барои дастгирии бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарз пешбинӣ намудаем. Ин тадбир, бешубҳа, ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Оливйе Декамп иброз дошт, ки роҳбарияти БТРА сиёсати Ҳукумати ҷумҳуриро дар самти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дастгирӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ба вижа дар бахши пахтакорӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ба гуфти ӯ БТРА барои рафъи мушкилоти энергетикии кишвар, махсусан дар деҳоти дурдаст тадбирҳои мушаххас андешидааст. –Дар марҳилаи аввал,-иброз дошт О.Декамп,- мо якҷо бо шариконамон барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна маблағгузорӣ мекунем.
Дар мулоқот инчунин роҳу воситаҳои коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи як қатор лоиҳаҳои обтаъминкунӣ дар шимол ва ҷануби кишвар ва беҳсозии фазои инвеститсионии ҷумҳурӣ матраҳ гардид.
Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2270