logo

маориф

ОМӮЗГОР БОЯД БОАДОЛАТ БОШАД

Сафаралӣ СОБИРОВ,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, ноҳияи Ёвон,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таълиму тарбияи насли наврас яке аз мақсадҳои асосии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат буда, тараққиёти ояндаи ҷомеаро бе ҳалли дурусти он тасаввур кардан ғайри имкон аст. Барои амалишавии ин мақсади наҷиб дар назди ҷомеа ва давлат як қатор уҳдадориҳо гузошта шудаанд, ки иҷрокунандаи асосии ин раванд, пеш аз ҳама, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа мебошанд. 
Имрӯз эътироф шудааст, ки омӯзгор шоҳсутуни амали таълим ва тарбия  дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин нуқтаи назар омӯзгор бояд, аз нигоҳи касбӣ, хусусиятҳои  шахсию иҷтимоӣ дар банду басти корҳои педагогӣ, комилан бо нигоҳи  тару тоза, бо диди нав дар шароити  нави геополитикии ҷаҳон омодагии ҳамаҷониба гирифта, барои ба сомон расонидани мақсадҳо  кӯшиш сарф намояд.
Барои ҳамагон пӯшида нест, ки кори омӯзгорӣ душвориҳои сангинро дорост. Кори таълиму тарбия тарзе сурат мегирад, ки омӯзгор як лаҳза аз фаъолият фориғ монад, мувозинат, робита ва он ҳалқаҳои пайванди шогирду устод осеб дида, ноаён рӯ ба костагӣ ҳаракат мекунанд. Агар дар муассисаҳо робитаи ҳамаҷонибаи оила ва омӯзгорон қавӣ набошад, ин раванд суръати манфӣ гирифта, ба ҷомеа мушкилиҳои навбатӣ ворид менамояд.
Барои ҳалли мушкилоти соҳаи маориф, ки қисмати асосии он масоилҳои ҷомеа ҳисоб мераванд, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм ва дигар вазоратҳои ба ин масоил алоқа дошта тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Хусусияти фарқкунандаи ин соҳа аз дигар соҳаҳо дар он аст, ки таълим ва тарбия кори якрӯза,  моҳона ва солона  набуда, кори  доимии омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа  ба ҳисоб меравад.
Вале мушкилоти  таълим ва тарбия наметавонад ҳалли худро дар як вақти мушаххас пайдо намояд. Зеро инсон ва тарбияи он яке аз мушкилтарин  масоил ба ҳисоб  мераванд ва ин масоилро  ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа  равандҳои гуногун бо таъсироти худ  инкишоф медиҳанд. Бинобар ин инсониятро зарур аст, ки ҳамеша дар андешаи рафъи камбудиҳо, ба сомон расонидани мақсаду мароми наку, зиёда аз ҳама, тарбияи дурусту ҳамаҷонибаи одамонро пешаи ҳамагонии худ қарор дода, фориғбол  набошад. Чашм пӯшидан аз ин мушкилот, дидаву дониста хиёнат намудан ба хеш, ба фарзандони хеш, ба Ватан  ва сарзамини  аҷдодӣ ҳисоб меравад. Бо гуфтаи  Клод Глеветский: «Тарбият дар маҷмӯъ, бояд дар қалбҳои мо тухми одатҳои муфид ба шахсият ва ҷомеаро бикорад».
Бо ташаббус ва дастгириҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо корҳои зиёди созандагиву ободкориҳо идома ёфта, дар ин замина ба рушди таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар қаламрави Тоҷикистони азиз аз рӯи маълумоти оморӣ теъдоди таваллуд вобаста ба солҳо муайян карда шуда, ҷалби кӯдакон ба  боғчаҳо ва муассисаҳои таълимӣ пешакӣ тарҳрезӣ мегарданд.
Дар муассисаҳои томактабӣ мураббияҳо кӯшиш менамоянд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи устувории ирода, рафтору кирдори нек, муносибату муоширати дуруст тарбия намуда, дар қалби онҳо бедор намудани  қобилиятҳои мақсаднокро ба вуҷуд биёранд. Пас аз гузаштани на чандон вақти тӯлонӣ дар хулқи кӯдакон рафторҳои ихтиёрӣ ва худидоракунӣ пайдо мешаванд, ки ҳамчун пойдевори инкишофи кӯдакон дар давраҳои минбаъдаи  ҳаёт нақши асосиро мебозанд.
Кӯдакистонҳо дар инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонии хурдсолон нақши ҳалкунанда доранд. Кӯдакон дар ин ҷо бо ҳам якҷоя будану якҷоя амал карданро меомӯзанд. Дар ин замина муоширати кӯдак бо ҳамсолон ба вуҷуд омада, боиси аввалин таҷрибаҳои иҷтимоӣ мегардад. Кӯдакон дар ҳамбастагӣ фикри дигаронро  шунида, ақидаи шахсии худро баён менамоянд. Яъне кӯдакистонҳо барои муассисаҳои таълимӣ таҳкурсии хуб ва ҳамаҷониба  барои инкишоф, ҷаҳонбинӣ ва аз худ намудани донишҳо ба  ҳисоб мераванд. Муассисаҳои таълимие, ки теъдоди хонандагони худро аз ҳисоби хатми боғчаҳо  пурра месозанд, ҳамаҷониба бурд менамоянд.
Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки падару модарон бо як шавқу завқи хоса, бо рӯҳи болида фарзандҳои худро  аввали соли таҳсил ба мактаб меоранд. Ба кадом синфхона, ба кадом омӯзгор вобаста шудани фарзандашон,  барои волидон  масъалаи рақами як ба ҳисоб меравад. Баъди ҷо ба ҷо шудани фарзандашон дар таълимгоҳ, волидон каме осуда шуда, роҳи мактабро то гузаштани Иди «Алифбо» фаромӯш менамоянд. Дар бисёр ҳолатҳо падару модарон  дар гузаронидани ин идҳо иштирок карда, аз донишҳои андӯхтаи фарзандонашон завқ бурда, бо ҳамин гӯиё  рисолати падару модарии худро ба сомон мерасонанд. Минбаъд падару модарон  танҳо бо даъвати маъмурияти  муассисаҳо ва роҳбарони синфҳо вориди таълимгоҳҳо мегарданд.
Дар муассисаҳои  таълимӣ бо қабули хонандагони синфҳои якум омӯзиш ба зинаи аввали таҳсилот оғоз мегардад. Ин зина  дар давраи заминагузорӣ ва таҳкурсии  донишандӯзии хонандагон нақши асосиро мебозад. Мавриди зикр аст, ки то машғулиятҳо дар мактабҳо кӯдакон дар оила таълим ва тарбия гирифтаанд. Барқароршавӣ, бунёдгардии олами ботинии кӯдак дар муносибатҳои муҳим (бозӣ, муошират, омӯзиш, меҳнат) бо муҳити атроф, хусусан калонсолон шакл мегиранд. Таҷрибаҳо собит месозанд, ки на ҳамаи кӯдаконе, ки бори аввал ба мактаб меоянд, барои оғози таҳсил омодаанд.
Сабабҳо зиёданд. Дарки нодурусти масъулияти хонаводагии  бархе аз падару модарон, носолимии муҳити оилавӣ, паст будани фитрати муносибати навхонадорон, таъминоти нокифояи иҷтимоии баъзе аз оилаҳо, мақсаднок ва  бошуурона барпо накардани оилаҳо, риоя накардани танзим дар тавлиди фарзандон, сарфакорона ва дуруст истифода накардани буҷети оилавӣ, таъсири ҳодисаву воқеаҳои номатлуби атроф ва даҳҳо омилу воситаҳои бади манфии таъсиррасонӣ ҳамчун ангезандагони нодуруст ва заминагузор дар ин раванд ҳисоб меёбанд.
Яке аз воситаҳои муҳими таъсиррасонӣ ба тафаккури кӯдакон ва наврасон воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб мераванд. Воситаҳои ахбор аз як тараф ба ҷомеа таъсири  мусбат дошта бошанд ҳам, аз тарафи дигар суиистифода бурдани баъзе аз давлатҳо бо пахши  танҳо идеологияи давлатдории худ ба воситаи моҳвораҳо ва бо коштани тухми низову бадбинӣ метавонанд фазои носолими идеологиро ба вуҷуд оварда бо ҳар роҳу восита ба ақлу зеҳни сокинон, новобаста ба синну сол  таъсири бад расонанд. Интихоби нодурусти шабакаҳои телевизионӣ аз ҳисоби моҳвораҳо ва фиттаҳои видеоӣ  дар муносибат, муошират ва фикру зикри кӯдакон равандҳои номатлуб ва зарарнокро  ба вуҷуд меоранд. Ин раванди ноаён ба ҷомеа зарарҳои  бемисл расонида, монанди маризие ҳаст, ки ба инсонҳо фалокат борад. Дуруст аст, ки дар шабакаҳои  имрӯзаи телевизиони Тоҷикистон  маводи хуби тарбиявӣ ва таълимӣ зиёд пахш мешаванд. Вале, мутаассифона, истифодаи шабакаҳои ҷаҳонӣ  аз ҳисоби моҳвора, ки аз беназоратии волидон сарчашма мегирад, боиси дигар шудани  ҷаҳонбинии кӯдакон мегардад. Кӯдакон пас аз тамошои филмҳои  характери  зӯроварӣ, куштор, қаллобӣ, амалҳои террористӣ дошта мафкураашон ба ин  равандҳо мутобиқ мешаванд. Дар натиҷа фарзандони мо ин ҳодисаҳоро чун  воқеаҳои маъмулӣ  қабул намуда, ба он одат менамоянд.
Соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар Паёми соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳукумати мамлкат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Омӯзгор дар раванди  таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, мо - омӯзгоронро зарур аст, барои содиқона амалӣ шудани ин рисолати таърихӣ чораҷӯӣ намуда, донишу таҷриба, малакаю кордониамонро  бошуурона  истифода намоем.
Мутафаккири бузург Оноре де Балзак фармудааст; «Оне, ки мехоҳад кӯдакро тарбия кунад, бояд як умр боадолат бошад». Зеро дили кӯдак поку беолоиш аст, бо як меҳрубонӣ  ва сухани дилписанд кӯдак бо мо унс гирифта,  одат менамояд. Омӯзгорро зарур аст, ки бо лаҳни зебою  нарм   ҳалимона дар ниҳоди кӯдак меҳру муҳаббат, самимияту ростқавлӣ, эҳтирому  вафодориро  роҳандозӣ намуда, бо нияти саршор аз эҳтироми тарафайн оғози кор намояд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2015    №: 51    Мутолиа карданд: 1650
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед