қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 10 марти соли 2015, № 138, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик» озод намудани Арабзода Н.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик» озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.03.2015 №: 51 Мутолиа карданд: 1478