logo

маориф

КӮДАКОНРО АЗ БЕСАВОДӢ НАҶОТ ДИҲЕМ

Зимни таҳқиқот оид ба фаъолияти муассисаҳои томактабии давлатӣ ва хусусӣ аксари муассисаҳои хусусӣ дарро ба рӯйи мо бастанд, ба истиснои муассисаи томактабии хусусии «Афсона».

Феълан дар шаҳри Душанбе 119 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад. Аз ин теъдод 90 – то давлатӣ буда, аз буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд. Нахуст мо аз ширхоргоҳ- кӯдакистони № 31 ноҳияи Сино дидан намудем. Нигина Ибодова, сарвари ин муассиса, ки 14 сол собиқаи корӣ дорад, моро хуш қабул кард.
- Нисбат ба солҳои қабл ҳоло барномаҳо ва нақшаи кори муассисаҳо такмил ёфтаанд. Барномаҳои таълимӣ барои кӯдакон зиёданд, барномаи «Рангинкамон» фарогири ташаккули зеҳни кӯдакон аст. Бо назардошти синну сол дар тарбияи ҷисмониву равонӣ ва маънавию зеҳнии кӯдакон саҳм мегирем. Барои васеъ намудани ҷаҳонбиниашон дар арафаи ҷашнҳои миллӣ бо адибон, ҳунарпешагон ва дигар шахсиятҳои варзида мулоқотҳо доир менамоем, - гуфт Н. Ибодова.
Дар толори дарси мусиқӣ кӯдакон сурудҳои зиёдро аз бар намудаанд.
Аммо дар муассисаи томактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар маҳаллаи Қарияи Боло, ба мо иҷоза надоданд, ки дохили ҳавлӣ шавем. Соат аз 900 ҳам гузашта буду ҳанӯз волидон фарзандони худро ба кӯдакистон меоварданд. Бо яке аз ин зодмандон, ки бо бачаҳояш бо забони русӣ ҳарф мезад, суҳбат кардем.
- Ин ҷо кӯдакистони русизабонон аст. Сифати корашон хуб аст. Кӯдаконро бо нақлиёт меоранду мебаранд. Кӯдаконамон аллакай забони русиро ёд гирифтанд.
Дар муассисаи томактабии хусусии «Афсона», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Парвина Қосимова, роҳбари он, моро хуш қабул кард.
Дар ин ҷо феълан 70 кӯдак ба парвариш фаро гирифта шудааст. Дар даромадгоҳи кӯдакистон иҷозатнома, нақшаи корӣ ва Низомнома ҳамчун дастурамал насб гардидаанд. Толор бо расмҳо - маҳсули олами тахайюли кӯдакон, бо рамзҳои давлатӣ - парчам ва нишон оро ёфтааст.
- Айни ҳол ба ҷашни Наврӯз омодагӣ дорем. Тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ яке аз вазифаҳои аввалини мост. Тарғиби либоси миллӣ, ҳатто либосҳои минтақаҳои гуногунро ҳам дар рӯзҳои ид ба нақша гирифтааем, - иброз дошт Парвина Қосимова.
Дар машғулияти гурӯҳе ширкат кардем. Мураббӣ рамзҳои нишон ва парчами миллиро аз кӯдакон пурсид. Кӯдакон бо риояи одоб посух медоданд. Толор бо рӯшноии табиии офтоб, гармӣ ва гулҳои сабзу зинда ва ашёи таълимӣ, китоб, қалам ва ғайра таъмин аст. Дар гурӯҳи то 5 - сола кӯдакон баъди субҳона аз пластилин бозича месохтанд. Кори дастии онҳо,  дар тахтаи синф овезон буд. Дар гурӯҳи то 3 - сола кӯдакон машқи бадан мекарданд.
Чизе, ки дар ин ҷо барои дигар муассисаҳо намуна аст, оби гарм ва тозагии ошхонаи ин муассиса мебошад. Дар ошхона хӯроки якум ва дуюм тайёр буд. Он ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯст.
Дар толори калон гурӯҳи дигар зери ҳавои мусиқӣ машқ мекард.
- Тибқи нақша мураббияҳо дар гурӯҳҳо машғулият мегузаронанд. Дар баробари дастурамалҳои пешниҳодшудаи Вазорати маориф ва илм, аз таҷрибаи муассисаҳои томактабии Русия ҳам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ меомӯзем. Огоҳ мешавем, ки барои инкишоф додани зеҳни кӯдак чӣ бояд кард. Мо ният дорем, ки бо назардошти талаботи ҷомеа ва фарогирии бештари кӯдакон ба парвариш гурӯҳи нав кушоем, - мегӯяд Парвина Қосимова.
Волидони кӯда-кони ин муассиса дар суҳбат аз кори мураббияҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар даромадгоҳ реҷаи қабул ва гусели кӯдакон навишта шудааст. Волидайн аз он изҳори нигаронӣ намуданд, дар муассисаи мазкур ба кӯдакон то соати 1700 хизмат мерасонанд. Азбаски дар ҷумҳурӣ рӯзи корӣ то соати 1700 муқаррар шудааст, волидон наметавонанд дар ин соат фарзандонашонро аз кӯдакистонҳо бигиранд.
Сарвари давлат дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ оид ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таъкид кард: «Соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар аз 508 ба 527 расида, шумораи кӯдаконе, ки дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, қариб 80 500 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4000 нафар зиёд мебошад. Ё худ дар кишвар соли 2012 711 марказҳои инкишофи кӯдакон амал мекарданд ва соли 2014 шумораи онҳо ба 1061 расида, 26 000 нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд».
Коршиносон мегӯянд, ки афзоиши теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру навоҳии кишвар, заминаи тарбияро дар ҷомеа ба танзим медарорад. Зеро имрӯз аксари кӯдакони то синни мактабӣ дар кӯча ва бидуни назорати волидайн тарбия меёбанд. Аммо волидайн аз он нигаронанд, ки нархи хизматрасонии кӯдакистонҳо гарон аст ва аксари мураббиён тахассуси касбӣ надоранд.
Парвина Қосимова ва Нигина Ибодова мегӯянд, ки мураббиёни кӯдакистонҳое, ки сарвариашонро ба дӯш доранд, ҳама дорои таҳсилоти олӣ, таҷрибаи корӣ буда, аз аттестатсияи давлатӣ гузаштаанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти томактабӣ» аз аттестатсия гузаштани мураббиён ҳатмӣ аст ва қонун хизматрасонии тиббиро дар чунин муассисаҳо ройгон муқаррар кардааст. Аммо мушкил аст, муассисаҳои томактабии хусусӣ ҳамчун шакли тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, нархи пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва барқу обро нисбат ба муассисаҳои давлатӣ ду баробар зиёд месупоранд. Инчунин маоши кормандон ва хароҷоти дигарро пурра аз маблағҳои воридотии волидайн пардохт мекунанд. Аз буҷет маблағгузорӣ намешаванд.
- Нархи хизматрасонӣ дар муассисаҳои хусусӣ ба арзиши истифодаи обу барқ ва пардохти коммуналӣ вобаста аст. Нисбат ба муассисаҳои давлатӣ се баробар гарон пардохт мекунем, - мегӯяд Парвина Қосимова.
Нуктаи дигар вазъи бади санитарии атрофи муассисаҳои томактабӣ аст. Шафати бинои кӯдакистони «Афсона», ки он ҷо хонаҳои истиқоматии заминӣ зиёданд, ба партовгоҳ табдил ёфтааст.
Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки: «… 12 кӯдакистони махсусгардонидашуда бо фарогирии қариб сеюним ҳазор кӯдак ва 34 кӯдакистони хусусӣ барои дуюним ҳазор нафар кӯдакон амал мекунад. Яъне дар ҷумҳурӣ барои қариб 115 ҳазор кӯдак шароити муосири таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст».
Пас мебояд, кӯдакон ба парваришгоҳҳо ҷалб гарданду Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои томактабии хусусӣ имтиёзҳое муқаррар кунад, то пардохти маблағ барои оилаҳо гарон наафтад.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2015    №: 53-54    Мутолиа карданд: 1918
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед