мулоқотҳо
РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СААД МУВАФФАҚОНА ИДОМА ДОРАД
Николай Бордюжа, котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), зимни як гузориш ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси амалкунандаи Шӯрои СААД, изҳор доштааст, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон муваффақона идома дорад.
Дар ин бора Николай Бордюжа, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, ки нимаи дувуми рӯзи 13 март иттифоқ уфтод, ба хабарнигорон иттилоъ дод. Дар ҳамин ҳол, Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки зимни мулоқот «Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД, афзалиятҳои раёсати кишвари мо ва омодагӣ ба ҳамоишҳои сатҳи баланд ва олии он, ки дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, зоҳир гардид».
Ба иттилои манбаъ, рафти татбиқи амалии қарорҳои дар сатҳи олӣ қабулшуда, аз ҷумла доир ба расондани ёрии фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва тақвияти имконоти техникӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат будааст.
Котиби генералии (СААД) дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки дар пайи омӯзиши шароити феълии ҳифзи сарҳадот ба як қатор ниёзҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими бештар ва пурра муҷаҳҳаз намудани марзбонони тоҷик тамаркуз карда, дар ин бора ба Ҷаноби Президент маълумот додем. «Доир намудани тамринҳои низомӣ, гузарондани амалиётҳои зидди қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, амнияти иттилоотӣ ва дигар масоили муҳим дар мулоқот баррасӣ шуда, вобаста ба татбиқи босамар ва иҷрои саривақтии он аз ҷониби Президент дастурҳои мушаххас гирифтам. Илова бар ин, вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида тавсияҳои Эмомалӣ Раҳмон - раиси амалкунандаи СААД - ро маъқул дониста, қавл додем, ки онро дар наздиктарин фурсат амалӣ хоҳем кард», - иброз намуд дар поёни суҳбат Николай Бордюжа.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.03.2015 №: 55 Мутолиа карданд: 1285