мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО УМЕШ КУМАР
18 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёии рушд Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба таҳияи стратегияи панҷсолаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2016 - 2020 зоҳир шуд.
Тавре зикр гардид, дар доираи стратегияи мазкур тибқи нақшаи индикативии бонк барои солҳои 2015 - 2017 ба Тоҷикистон зиёда аз 240 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад. Бо назардошти афзоиши таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имконоти афзун намудани дастгирии кишвар аз ҷониби Бонки осиёии рушд муҳокима гардид.
Интизор меравад, ки Бонки осиёии рушд барои татбиқи босамари нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки назаррас расонад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа ва Роғун - Нуробод, идома додани навсозии неругоҳи Норак ва татбиқи дигар лоиҳаҳои афзалиятнок сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2015 №: 57 Мутолиа карданд: 1297