туризм
ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ МУЪҶИЗАҲОСТ
Холназар МУҲАББАТОВ,
устоди Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи С. Айнӣ
Дар ҷаҳони муосир сайёҳӣ яке аз бахшҳои сердаромади иқтисодӣ буда, нақши он дар ғанӣ гардондани буҷети давлатҳои мухталиф назаррас аст. Мавҷи рушди ҷаҳонгардӣ солҳои охир қариб дар ҳама қитъаҳои олам эҳсос мегардад. Дар ин ҷода кишварҳои Аврупо дар баробари суръати баланди рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, яке аз беҳтарин сайргоҳи олам ба шумор рафта, бо бузургтарин иншооти меъмории худ шуҳрату эътибор пайдо кардаанд.
Масалан, даромади солонаи Испания танҳо аз туризм беш аз 30 % -и даромади миллиро дар бар мегирад. Дар даҳсолаи охир соҳаи мазкур бо суръати баланд дар давлатҳои атрофи уқёнуси Ором ва ҷанубу шарқи Осиё низ рушд ёфта истодааст. Айни замон Чин дар қатори 5 давлати пуриқтидори иқтисодии ҷаҳонӣ қарор гирифта, аз рӯйи нишондоди Ташкилоти байналмилалии туризм, то соли 2020 ба ҷойи аввал баромада, онро соле беш аз 140 миллион сайёҳ дидан хоҳад кард.
Тоҷикистон чун кишвари кӯҳсор дорои имконоти воқеии рушди сайёҳӣ мебошад. Дар замонҳои қадим аз қаламрави мамлакат Шоҳроҳи бузурги абрешим мегузашт ва он дар баробари тиҷорати байналмилалӣ ба мубодилаи фарҳанги Шарқу Ғарб таъсир гузоштааст. Кишвари мо бо табиати рангину дилангези худ дили ҳазорҳо хориҷиёнро тасхир мекунад. Аз як ҷониб захираҳои табиию рекреатсионӣ, аз тарафи дигар ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва хусусиятҳои хоси маҳсулоту дастовардҳои миллӣ воситаҳои муҳими ҷалби сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Аз рӯйи ҳисоботи мутахассисон наздики 10 дарсади қаламрави кишварро захираҳои рекреатсионӣ ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки нишондиҳандаи мазкур дар Ӯзбекистони ҳамсоя ҳамагӣ 0,7 дарсад мебошад. Хусусияти дигари хоси кишвари мо аз он иборат аст, ки давоми якуним соат бо чархбол аз иқлими ниҳоят тафсони водии Вахш метавон якбора ба минтақаи сард ва яхҳои доимии Бадахшон расид.
Айни замон дар кишвар 4 мамнуъгоҳ, 2 боғи миллӣ ва 13 паноҳгоҳ бо беҳтарин манзараву ёдгориҳои табиӣ – таърихӣ, дар шакли аввалаи худ нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин мавзеъҳо нодиртарин ҳайвоноту рустаниҳо, ки ба Китоби сурхи байналмилалӣ ворид шудаанд, ҳифз мешаванд. Ин дороиҳо имкони рушди туризми экологиро дар мамлакат фароҳам меоранд. Экотуризм солҳои охир дар тамоми ҷаҳон рушд ёфт. Зеро бо ин васила сайёҳон дар баробари боздид аз табиати рангин, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳамзамон аз урфу одату анъанаҳои миллии мардуми маҳаллӣ аз наздик шинос мешаванд ва он хеле ҷолибу хотирмон аст.
Дар ин маврид Боғи миллии Тоҷикистон метавонад ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёбад. То таъсиси Боғи миллии Тоҷикистон, Боғи миллии Клуэйн - и Канада калонтарин дар дунё ба ҳисоб мерафт, ки масоҳати он ба 2 миллиону 200 ҳазор гектар баробар аст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25 боғи миллӣ мавҷуд аст, ки 18 - тои он дар мавзеъҳои баландкӯҳ ҷойгир шудаанд. Яке аз боғҳои миллии он «Грейтсмок Маунтинг» буда, онро соле то 7 миллион сайёҳ тамошо мекунад. Ҳар сол ИМА аз ҳисоби боғҳои миллӣ беш аз як миллиард доллар даромад мегирад.
Боғи миллии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфтааст. Он калонтарин дар минтақаи кӯҳсори ҷаҳонӣ буда, (2,6 млн. гектар) 60% қаламрави вилояти Бадахшон ва 18% -и масоҳати Тоҷикистонро дар бар мегирад. Мақсади таъсис додани он пеш аз ҳама, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои беназири табиат, нигоҳдории манзараҳои зебо, афзун намудани набототу ҳайвоноти нодир, барқарорсозии шабакаҳои устувори экологӣ ва истифодаи самараноки онҳо мебошад. Дар дохили Боғи миллии Тоҷикистон, кӯлҳои Сарезу Қароқӯл, қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Олой, қуллаҳои Исмоили Сомонӣ (7495 м), Абуалӣ ибни Сино (7134 метр), пиряхи бузурги Федченко, Гармо, Грумм - Гржимайло, водии Хингоб ва ғайра ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди боғ чашмаҳои зиёди обҳои маъданӣ ва ёдгориҳои зиёди таърихию меъмориро, ки дар қисмати Шоҳроҳи бузурги абрешим воқеанд, вохӯрдан мумкин аст. Яке аз ёдгориҳои беназири он шаҳраки коркарди маъдани кӯҳӣ дар Бозордара мебошад, ки ба асри XI тааллуқ дорад. Ин шаҳрак дар баландии 4300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар дохили он 80 хонаи истиқоматӣ ва корвонсарой ёфт шуд. Ба гуфтаи бостоншиносон, бо сабаби дар ҳамон замон авҷ гирифтани буҳрони нуқра дар бозори ҷаҳонӣ коркарди он аз фаъолият боз мондааст. Дар худуди минтақаи мазкур боз якчанд қалъаҳои зиёди хонигариҳои ҳокимони Бадахшонро дучор омадан мумкин аст. Ғайр аз бозёфтҳои археологӣ боз якчанд намуди ёдгориҳои этнографӣ низ пайдо шудаанд, ки аз гузаштаи мардуми тоҷик дар асри санг ва охирҳои асри миёна маълумот медиҳанд.
Ёдгории дигари табиӣ, ки метавонад диққати сайёҳонро ҷалб намояд, Боғи таърихӣ – табиии Ширкент аст, ки ғайр аз табиати дилангез дорои бозёфтҳои геологӣ мебошад ва аз мавҷуд будани диназаврҳо дар гузаштаи дур дар ин макон дарак медиҳад.
Дар қаламрави Тоҷикистон яке аз мавзеъҳои дилкаши сайру сайёҳат водии Зарафшон, бахусус кӯҳҳои Фон, кӯлҳои Марғзор, Аловиддин ва Искандаркӯл ба ҳисоб мераванд. Махсусан кӯлҳои Марғзор, ки дар соҳили дарёи Шанг ҷой гирифтаанд, ҳар кадом бо ранг ва зебоии худ бемисланд. Масофаи байни кӯли Ҳазорчашма ва аз ҳама поён кӯли Мижгон 692 метрро ташкил медиҳад. Калонтарини ин кӯлҳо Нофин ва зеботаринашон Мижгон буда, ҳамеша мавриди боздиди сайёҳон қарор доранд.
Ёдгории нодири табиии дигар, ки дар ҷануби кишвар ҷойгир аст, кӯҳи Хоҷамуъмин буда, тамоми қишрҳои он аз намакҳои ҳархела: хокистарранг, кабуди сабзтоб ва гулобӣ иборат мебошад. Ҳамчунин барои сайёҳон сайри мавзеъҳои Балҷувону Сарихосор ниҳоят ҷолиб аст. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Балҷувон минтақаи истироҳат ва туризм эълон шудааст. Табиати дилангез, обу чашмаҳо ва бешазори он барои рушди сайёҳӣ мусоид арзёбӣ гаштаанд.
Қисми марказии Тоҷикистон, аз ҷумла дараи Ромит, водиҳои Рашту Хингоб дорои захираҳои беҳамтои туристию рекреатсионӣ мебошанд. Дар замони Шӯравӣ дар ноҳияи Ҷиргатол лагери кӯҳнавардон таъсис ёфта буд, ки онро ҳамчун пойгоҳ барои фатҳ намудани қуллаи «Коммунизм» (ҳоло ба номи Исмоили Сомонӣ) истифода мебурданд. Дар сурати таъмиру навсозии ин пойгоҳ имкони ҷалби садҳо туристону кӯҳнавардон бештар мегардад.
Аксари сайёҳоне, ки ба Осиёи Марказӣ сафар мекунанд, пеш аз ҳама орзуи дидани Бадахшонро доранд. Дар баробари табиати рангорангу кӯҳу қаторкӯҳҳо, он дорои ҳазорон пиряху кӯлҳои мухталиф мебошад. Калонтарини онҳо Қарокӯл, Зоркӯл, Яшилкӯл, Рангкӯл, Булункӯл ва Сарез мебошанд. Мувофиқи маълумот дар баландии аз 3200 то 5000 метр 1450 кӯл ва 220 дарё ҷойгир аст. Дар маҷмӯъ, ин кӯлҳо 83 дарсади кӯлҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Дар баробари дороиҳои табиӣ, дар кишвари мо ёдгориҳои зиёди таърихию бостонӣ мавҷуданд, ки аксарашон зери назорати бевоситаи ЮНЕСКО қарор гирифтаанд. Махсусан, ёдгории Саразм, ки қадимтарин дар Осиёи Марказӣ буда, 15 км дуртар аз шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст. Муҳаққиқону олимон то ҳол дар ҳайратанд, ки чӣ гуна дар асрҳои IV-II то мелод ин гӯшаи кӯҳсор ба яке аз марказҳои қадими тамаддуни инсонӣ табдил ёфтааст. Аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ, ороишоти аз сангҳои қиматбаҳо ва тиллою нуқра сохташуда, дар ин сарзамин ҳанӯз замоне пайдо шуда буд, ки инсоният танҳо аз олоти сангин истифода мекард. Ёдгориҳои дигари таърихию меъморие, ки дар қаламрави шаҳри Панҷакент диққати сайёҳонро ҷалб мекунанд, оромгоҳи Муҳаммад Башоро дар деҳаи Мазори Шариф ва оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд мебошанд.
Дар ноҳияи Восеъ тармими ёдгории Ҳулбук ба охир расид, ки он ҳанӯз дар асрҳои IX - XI пойтахти Хуталон буд. Ҳангоми ҳафриёт маълум гардид, ки шаҳр аз шаҳристон, арк, работ ва оромгоҳ иборат будааст.
Бо қарори ЮНЕСКО имсол ҷашни 3000 - солагии Ҳисор баргузор мегардад. Қалъаи Ҳисорро соли 1946 бостоншинос М. Дяконов тадқиқ намуда буд. Тибқи тадқиқот дар қалъаи мазкур се давраи таърихӣ ошкор шуд, ки давраи аввал ба охири замони Кушониён (нимаи дуюми асри IV) тааллуқ дорад.
Дар водии Вахшу ҷануби соҳили дарёи Кофарниҳон дар баробари ёдгориҳои Аҷинатеппа, қалъаи Мир, Сайёд дар соҳили рости дарёи Ому димнаи замони атиқа бо номи Тахти Қубод ба назар мерасад. Солҳои 70-уми асри гузашта бо сарварии бостоншинос академик А. Литвинский дар ин мавзеъ ҳафриёт бурда шуд ва бисёр зару зеварҳои занона, ҳайкалчаҳои аз тилло, нуқра ва устухони фил сохташуда пайдо гаштанд, ки онҳоро ба замони Кушониён ва Юнону Бохтар нисбат медиҳанд. Хазинаи дарёи Ому дар замони Шӯравӣ ёфт шуд, вале чанде пештар тоҷирони маҳаллӣ онро ба англисҳо фурӯхта буданд ва ҳоло намунаҳои он дар осорхонаи Лондон нигоҳ дошта мешаванд. Дар бораи Тахти Қубод қиссаю афсонаҳои зиёд вуҷуд доранд. Агар дар ҷойи пештараи ин ёдгорӣ осорхонае бунёд намуда, намунаи ин хазинаро аз Британия оварда ба намоиш гузорем ва дигар ёдгориҳои таърихию меъмории ин мавзеъро ба тартиб орем, он гоҳ водии Вахш низ ба яке аз ҷойҳои беҳтарини сайру саёҳати туристони дохилию хориҷӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла, Эрон, Туркия ва кишварҳои Балкану Қафқоз сайёҳон дар баробари боздиди табиату ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба дидани ҷойҳои дурдаст, урфу одат ва суннатҳои қадимӣ майлу рағбат зоҳир мекунанд. Сайёҳон кӯшиш мекунанд, ки аз он мардум савғое харида ба ватан баранд. Бинобар ин дар кишвари мо низ бояд ба ин масъала диққат дода шавад. Ба андешаи инҷониб, дар Яғноб, ки яке аз манбаъҳои муҳими ҷалби сайёҳон мебошад, бояд осорхонаи этнографӣ таъсис ёбад. Зеро дар баробари либос, анъана ва суннатҳои миллӣ забони яғнобӣ ҳамчун забони қадимаи суғдӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонон қарор мегирад.
Ҳоло дар мамлакат даҳҳо осоишгоҳҳо, ки қисми зиёди онҳо дар замони истиқлолият аз нав барқарор шудаанд ва чандин минтақаҳои туристию истироҳат, ки аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардиданд, то андозае барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароит фароҳам меоваранд. Аммо қисми зиёди ин муассисаҳо қудрати ба пояи талаботи вақт пеш бурдани корҳои сайёҳиро надоранд. Аксари ширкатҳои сайёҳӣ фаъолияти худро дар шакли мусофирбарӣ ба давлатҳои Араб ва зиёрати Макка амалӣ мекунанд. Тавре мушоҳида мешавад, дар бархе ширкатҳои сайёҳии Бадахшон ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар пойгоҳи моддӣ – техникӣ, хатсайрҳои ҷолиб ва харитаи маҳал нест. Аз ин лиҳоз, сайёҳон аз рӯйи майлу хоҳиши худ ҷойҳои барои истироҳат мувофиқро интихоб карда наметавонанд.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки маблағгузорӣ ба рушди сайёҳӣ метавонад онро ба соҳаи даромаднок табдил диҳад. Масалан, Ҳукумати Туркия солҳои 1990 - 2000-ум ба соҳаи туризм беш аз се миллиард доллар сарф намуд. Дар натиҷа, ин мамлакатро ҳар сол аз 15 то 20 миллион сайёҳ дидан мекунад ва даромади соф аз соҳа соле аз 8 то ба 10 миллиард доллар мерасад.
Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон талаб мекунад, ки пеш аз ҳама нақлиёт ба эътидол оварда шуда, роҳҳои мавҷудаи автомобилгард бозсозӣ ва дар мавзеъҳои дурдаст роҳҳои нави ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳонгардӣ сохта шаванд. Дар баробари ба тартиб овардани меҳмонхонаҳои мавҷуда, бунёди меҳмонхонаҳои нав, тарабхона, маҷмааҳои гуногун лозим меояд. Аз тарафи дигар омодасозии мутахассисони касбии донандаи ду – се забони хориҷӣ ва ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар сатҳи меъёрҳои муқарраргардидаи байналмилалӣ ногузир мебошад. Сиёсати андоз низ беҳбудиро тақозо менамояд. Ба роҳ мондани реклама оид ба иқтидори сайёҳии кишвар дар хориҷ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Дар сурати рафъи камбудиҳои ҷойдошта, Тоҷикистон бо захираҳои бузурги табииву рекреатсионӣ, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангии худ метавонад мавқеи муҳими сайёҳиро дар сатҳи давлатҳои мутараққӣ ишғол намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.03.2015 №: 58 Мутолиа карданд: 13175