logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831; №12, қ.1, мод.1003) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати чорум хориҷ карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- нафақаи иҷтимоӣ – пардохти ҳармоҳаи давлатӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади таъминоти иҷтимоӣ ва дастгирии моддии гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ, ки ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, таъин карда мешавад;»;
- сархатҳои ёздаҳум ва чордаҳум хориҷ карда шаванд;
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- индексатсия – тағйир додани андозаи нафақаҳои таъингардида ва сармояи шартии нафақавӣ бинобар тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ;»;
- дар сархати сенздаҳум калимаҳои «суратҳисоби фардии захиравии шаҳрванд» ба калимаҳои «қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда» иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаи «давлатии» ба калимаи «ҳатмии» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳабдаҳум  калимаи «суғуртавие» ба калимаҳои «суғуртаи ҳатмии нафақавие» иваз карда шуда, пас аз калимаи «суғурташуда» калимаҳои «ё аз ҷониби худи шахси суғурташуда» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 3:
- сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «иҷтимоӣ ва» ба калимаи «ҳатмии» иваз карда шаванд.
3. Сархати дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- мутобиқати андозаи нафақаҳои суғуртавии таъиншаванда ба ҳуқуқҳои андӯхти нафақавӣ ва ҳаҷми даромади суғурташудаи шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;».    
4. Дар моддаи 7:
- дар қисми 3 калимаҳои «бо назардошти собиқаи суғуртавӣ, музди миёнаи меҳнат ё дигар даромадҳои ба он баробаркардашудаи суғурташуда» ва «нафақавӣ» мувофиқан ба калимаҳои «, ки» ва «ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд,» иваз карда шаванд;
-  қисмҳои 4 ва 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«4. Қисми захиравии нафақа – қисми нафақаи суғуртавӣ, ки вобаста аз ҳаҷми захираҳои инфиродии нафақавии шахси суғурташуда муқаррар гардида, аз рӯи маълумоти дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда мавҷудбуда ҳисоб карда шудааст.»;
 «6. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои давлатӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи  маҳрум шудан аз саробон.»;
- аз қисми 7 калимаҳои «ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
5. Аз моддаи 8 калимаҳои «(ба ғайр аз нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки илова ба нафақаи суғуртавӣ муқаррар карда мешавад)» хориҷ карда шаванд.
6. Матни моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа салоҳият, вазифа ва сохтори мақомоти ваколатдори давлатиро, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, таъин, индексатсия, пардохт ва дастрас кардани нафақаҳоро таъмин менамоянд, муайян мекунад.». 
7. Дар моддаи 10:
- дар сархати сеюм калимаҳои «захиравии нафақавӣ» ба калимаҳои «шахсони суғурташуда» иваз карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- муайян намудани андозаи сармояи шартии нафақавӣ, ҳаҷми маблағҳои захирашудаи дар суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташуда бақайдгирифташуда ва дар асоси онҳо таҳия намудани дурнамои талабот ба маблағҳо барои пардохти нафақаҳои суғуртавӣ;».
8. Дар қисми 1 моддаи 11 калимаҳои «дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта, бо суғуртаи ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шудаанд» ба калимаҳои «дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 12:
- қисми якум рақамгузорӣ карда, қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«2. Андозаи нафақаи заминавӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқарраршуда муайян карда мешавад.».
10. Матни моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 аз рӯи шартҳои зерин таъин карда мешавад: 
- иҷрои уҳдадориҳо оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунандаҳо (корфармоён), бевосита аз ҷониби худи шахсони суғурташаванда ё ба ҷойи  онҳо;
-  мавҷуд будани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ барои занҳо.
2. Ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин карда мешаванд:
- ба мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
- ба занҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати  доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ.
3. Ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи  имтиёзҳо шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати  доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ ва на камтар  аз 120 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ ва на камтар  аз 96 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;
б) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизарӣ (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати  доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати  доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;
в) маъюбони гурӯҳи I аз рӯи биноӣ:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 120 моҳ;
г) иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
д) занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро  низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд;
е) занҳое, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва доимӣ истиқомат карда, 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб дошта, ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 43 доранд.
11. Қисми 1 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ, ба истиснои шахсони дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда, ба шахсоне, ки на камтар  аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ доранд, таъин карда мешавад.
Ба шахсоне, ки дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ ба мардҳо - ҳангоми расидан ба синни 63 ва ба занҳо - ҳангоми расидан ба синни 58 таъин карда мешавад.».
12. Дар моддаи 15:
- дар қисми 1 калимаҳои «ва» ва «муайян» мувофиқан ба калимаҳои «ё» ва «муқаррар» иваз карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ барои давраи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ таъин карда мешавад.»;
- дар қисми 5 калимаҳои «инфиродии захиравии» ба калимаи «инфиродии» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «ба синни» калимаи «муқарраршудаи» илова карда шавад.
13. Дар моддаи 16:
- аз сархати сеюми қисми 2 калимаҳои «ва ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надошта бошанд» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «модар ва ҳамсари» ба калимаи «модари» иваз карда шаванд;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Ҳамсари ғайри қобили амали саробони фавтида ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон  дар сурате ҳуқуқ дорад, ки агар ӯ ба нигоҳубини кӯдаки маъюб, кӯдаки маъюби аз овони кӯдакии гурӯҳи I ё кӯдаки то фавти саробон ё дар давраи то панҷ сол пас аз фавти саробони фавтида корношоямгардида машғул бошад.»;
- қисмҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 ҳисобида шаванд.
14. Дар моддаи 17:
- дар қисми 1 калимаи «андозаи» ба калимаҳои «ҳуқуқ ба» иваз карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 4:
- ба матни қисм пас аз калимаи «суғуртавӣ» калимаҳои «ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ» илова карда шуда, калимаҳои «давраи фаъолияти меҳнатие» ба калимаҳои «давраҳои фаъолияте» иваз карда шаванд;
- ба сархати дуюм пас аз калимаи «давраи» калимаи «гузаштани» илова карда шавад;
- аз сархати сеюм калимаҳои «дар сурати кафолати давом додани муносибатҳои меҳнатӣ бо суғуртакунандагон (корфармоён) ё надоштани танаффус дар фаъолияти меҳнатӣ баъди анҷом додани таҳсил» хориҷ карда шаванд;
- сархати чорум хориҷ карда шавад;
- ба сархати шашум пас аз калимаи «кӯдак» калимаҳои «вале дар маҷмӯъ» илова карда шуда, калимаҳои «барои тамоми давраи суғуртавӣ» хориҷ карда шаванд;
- қисмҳои 5 ва 7 хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаҳои «воридгардидаи», «иҷтимоӣ» ва «инфиродии шахсӣ» мувофиқан ба калимаҳои «дар қисми махсуси»,  «ҳатмии нафақавӣ» ва «инфиродӣ» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 4, 6 ва 8 мувофиқан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
15. Дар моддаи 18:
- қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«2. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 маълумоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар асоси маълумоти суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб меравад.
3. Бо мақсади таъини нафақаи суғуртавӣ шахси суғурташуда ба ғайр аз дафтарчаи меҳнатӣ (нусхаи аслӣ), инчунин ҳуҷҷатеро, ки ҳамчун шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод менамояд.»;
 - дар қисми 5 калимаҳои «суғуртавии» ва «дар моддаи 22 Қонуни мазкур нишондодашуда, дар» мувофиқан ба калимаҳои «корӣ» ва «барои» иваз карда шаванд;
- банди дуюми қисми 6 хориҷ карда шавад;
- қисми 7 хориҷ карда шавад.
16. Дар моддаи 20:
- дар сархати дуюми қисми 1 калимаҳои «суратҳисоби захиравии инфиродӣ» ба калимаҳои «қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ бо назардошти даромад аз сармоягузорӣ» иваз карда шаванд; 
- дар қисми 3:
- дар сархати дуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- даромади сармоявӣ аз сармоягузории ҷойгиркунии маблағҳои озоди суғуртавӣ.».
17. Дар моддаи 22:
- ба номи модда пас аз калимаи «Ҳисоби» калимаҳои «қисми суғуртавии» илова карда шаванд;
- қисми 1 хориҷ карда шавад;
- ба қисми 2 пас аз калимаи «суғуртавӣ» калимаҳои «аз рӯи синну сол» илова карда шуда, калимаҳои «даромади суғурташуда,» хориҷ карда шаванд ва калимаҳои «суратҳисоби инфиродии захиравӣ» ба калимаҳои «қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ» иваз карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «суғуртавӣ» калимаҳои «аз рӯи синну сол» илова карда шаванд;
- дар қисми 4:
-  матни қисм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Барои муайян намудани андозаи қисми суғуртавии нафақа аз рӯи синну сол ҳаҷми уҳдадориҳои нафақавии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа - сармояи шартии нафақавӣ бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад:»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «он бо нишондиҳандаҳои афзоиши музди миёнаи меҳнат» ба калимаҳои «ҳарсолаи онҳо мутобиқи моддаи 51 Қонуни мазкур»  иваз карда шаванд;
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо роҳи тақсим кардани маблағи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташудаи барои нафақа муроҷиатнамуда ба шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ баробар мебошад, муайян карда мешавад.»;
- дар қисми 6 калимаи «нафақа» ба калимаҳои «нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол» иваз карда шуда, пас аз калимаи «муқаррарнамудаи» калимаҳои «қисми 4» илова карда шаванд;
 - қисми 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7. Барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии дар қисми 1 моддаи 13 пешбинишударо доранд, андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол наметавонад аз андозаи 100 фоиз ва барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии пешбинишударо надоранд, аз андозаи 70 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда кам бошад.»;
- қисмҳои 2, 3, 4, 5, 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6 ҳисобида шаванд.
18. Моддаи 23 хориҷ карда шавад.
19. Дар моддаи 24:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «суғуртавӣ» калимаҳои «аз рӯи синну сол» илова карда шуда, калимаҳои «фоизи алоҳида» ба калимаҳои «кам кардани моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ» иваз карда шаванд;
- ба номи сутуни дуюми ҷадвал пас аз калимаи «солҳои» калимаи «пурраи» илова карда шавад;
- сутуни сеюми ҷадвал ба таври зерин ифода карда шавад:

Давраи пардохти эҳтимолӣ (бо моҳ)
174
168
162
156
150
145
140
135
130
125

- дар ҷумлаи якуми қисми 2 калимаи «нафақа» ба калимаҳои «нафақаи суғуртавӣ» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад.
20. Моддаи 25 дар таҳрир зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 25. Ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ
1. Ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 22 Қонуни мазкур амалӣ гардида, нафақа ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи I – 100 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи II – 85 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
- ба маъюбони гурӯҳи III – 70 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол.
2. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра:
- ба маъюбони гурӯҳи I – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳи II – 125 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳи III – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурра:
- ба маъюбони гурӯҳи I – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳи II – 85 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳи III – 70 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.».
21. Дар моддаи 26:
- дар қисми 2 калимаҳои «Қисми нафақаи суғуртавии ятимони бекас аз ҳисоби» ба калимаҳои «Нафақаи суғуртавӣ барои кӯдакони аз падару модар маҳрумшуда ба андозаи» иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он узви корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила – 70 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила – 105 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он узви корношоями оила – 140 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.»;
- қисмҳои 4, 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдакони аз падару модар маҳрумшуда наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он аъзои корношоями оила – 250 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он аъзои корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.
5. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон, ки вафоти саробон бар асари иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват фаро расидааст, наметавонад аз 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида барои ҳар як узви корношоями оила кам бошад.
6. Бо хоҳиши яке аз аъзои оила, ки нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон мегирад, ҳиссаи ӯ аз нафақаи суғуртавии ба оила таъиншуда метавонад ҷудо карда шавад.».
22. Қисми 1 моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Таъминоти давлатии нафақа аз намудҳои зерини пардохтҳо иборат мебошад:
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.».
23. Сархати сеюми моддаи 28 хориҷ карда шавад.
24. Моддаи 29 хориҷ карда шавад.
25. Сархати сеюми қисми 1 моддаи 30 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шахсоне, ки ба синну соли пешбининамудаи қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур расидаанд;».
26. Дар моддаи 31:
- дар номи модда калимаи «нафақаи» ба калимаи «нафақаҳои» иваз карда шавад;
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани онҳоро доранд, ба андозаҳои зерин таъин карда мешаванд:
 а) нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол - 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ:
- ба маъюбони гурӯҳи I ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурӯҳҳои II ва III, маъюбони гурӯҳи III аз овони кӯдакӣ – 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
в) нафақаи иҷтимоӣ  аз рӯи  маҳрум шудан аз саробон:
- ба кӯдакони то 18-сола, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд (донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона–то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кӯдак – 60 фоиз, барои ду кӯдак – 90 фоиз, барои  се ва зиёда аз он кӯдак – 120 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд (донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шакли рӯзона–то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кӯдак - 100 фоиз, барои ду кӯдак - 150 фоиз, барои се ва зиёда аз он кӯдак - 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- дар қисми 2:
- дар сархати дуюм рақами «60» ба рақами «80» иваз карда шавад; 
- дар банди дуюм рақами «60» ба рақами «100» иваз карда шавад.
27. Дар моддаи 32:
- дар номи модда калимаҳои «кардан ва аз нав дида баромадани нафақаи» ба калимаҳои «кардани нафақаҳои» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои «аз нав дида баромадани нафақаи» ба калимаҳои «бозҳисобии нафақаҳои» иваз карда шуда, пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи таъминоти нафақа» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «давлатии» ба калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар» иваз карда шавад;
- ба қисмҳои 3, 4, 5, 6, 9 ва 10 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи таъминоти нафақа» илова карда шаванд;
- аз қисми 4 калимаҳои «дар муҳлати муайян» хориҷ карда шаванд;
28. Моддаҳои 33 ва 34 хориҷ карда шаванд.
29. Дар қисми 1 моддаи 39:
- дар зербанди а):
- аз сархати якум калимаҳои «иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,» хориҷ карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зайл  ифода карда шавад:
«- ба маъюбони гурӯҳи I, ки маъюбиашон ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват фаро расидааст;»;
- сархатҳои якум ва дуюми зербанди б) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон доимӣ истиқомат мекунанд;
- ба шахсоне, ки на камтар аз 15 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд;»;
- дар зербанди в:
- сархатҳои якум ва дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ба маъюбони гурӯҳи I ва гурӯҳҳои I ва II аз овони кӯдакӣ, ки кор намекунанд;
- кӯдакони маъюби то 18-сола»;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба маъюбони гурӯҳи II, ки кор намекунанд ва маъюбиашон дар натиҷаи иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват ба амал омадааст.»;
- зербанди г) хориҷ карда шавад.
30. Ба моддаи 40 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи таъминоти нафақа» илова карда шуда, калимаи «амалӣ» ба калимаи «муайян» иваз карда шавад.
31. Дар моддаи 41:
- дар қисми 1 калимаҳои «мақомоти ваколатдори минтақавии ҷои зист» ба калимаҳои «сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар ҷойи зисти шахси суғурташуда» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Барои таъини нафақаи суғуртавӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин   зарур аст:
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
- дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ва собиқаи суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси суғуртавӣ; 
- дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба нафақа.»;
- дар қисми 4 калимаҳои «муддати 60 рӯзи тақвимии» ба калимаҳои «муҳлати дилхоҳ» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 5 ва 6 калимаи «Мақомоти» ба калимаҳои «Сохтори дахлдори мақомоти» иваз карда шуда, пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи таъминоти нафақа» илова карда шаванд.
32. Дар моддаи 42:
- дар қисми 1 калимаҳои «Нафақаҳои суғуртавӣ» ба калимаи «Нафақа» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4:
- дар матни қисм калимаҳои «Нафақаи суғуртавӣ» ба калимаи «Нафақа» иваз карда шаванд;
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- нафақа аз рӯи синну сол аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан ба нафақа, агар муроҷиат барои таъини нафақа на дертар аз се моҳ пас аз пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа сурат гирифта бошад, таъин мегардад;»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «шахси суғурташуда» ва «ҳодисаи суғуртавӣ» мувофиқан ба калимаҳои «саробон» ва «фавти саробон» иваз карда шаванд. 
33. Дар моддаи 43:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «Аз нав дида баромадани» ва «аз нав дида баромада» ба калимаҳои «Бозҳисобии» ва «бозҳисобӣ» иваз карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- давом додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ баъди таъини нафақа;».
 34. Моддаи 44 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 44. Бозҳисобии нафақаҳои таъингардида
1. Андозаи нафақаҳои таъингардида дар мӯҳлатҳои зерин бозҳисобӣ карда мешавад:
- дар ҳолати пайдо шудани ҳуқуқ барои баланд бардоштани нафақа - аз рӯзи якуми моҳе, ки нафақагир барои бозҳисобии нафақа муроҷиат намудааст, аммо на пештар аз рӯзи ҳуқуқ пайдо намудан ба бозҳисобии нафақа;
- ҳангоми ба амал омадани ҳолате, ки дар натиҷаи он андозаи нафақа кам мешавад – аз рӯзи якуми моҳе, ки баъди моҳи ба амал омадани чунин ҳолатҳо.
2. Ҳангоми тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ, ки сабаби зиёд гардидани андозаи нафақа мегардад, нафақа ба андозаи нав аз рӯзи тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ пардохт карда мешавад.
3. Гузаронидан аз як намуди нафақа ба намуди дигари он аз рӯзи якуми моҳи баъди моҳе, ки дар он муроҷиат барои иҷрои ин амал ворид шудааст, амалӣ карда мешавад.».
35. Дар моддаи 45:
- дар қисмҳои 1 ва 2 пас аз калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «дар соҳаи таъминоти нафақа» , калимаҳои «нафақахӯрон» ва «нафақахӯронро» мувофиқан ба калимаҳои «нафақагирон» ва «нафақагиронро» иваз карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
36. Дар моддаи 46:
- ба қисми 3 пас аз калимаи «фавтида,» калимаҳои «бинобар идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ,» илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Бозҳисобии андозаи нафақаи суғуртавӣ бинобар аз ҷониби нафақагир идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ (ё барои ӯ) пас аз таъини нафақа, як маротиба пас аз қатъ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби ӯ, амалӣ карда мешавад.
Дар ҳар сурат, бозҳисобӣ метавонад амалӣ карда шавад, агар нафақагир на камтар аз 24 моҳ пас аз таъини нафақа фаъолияти меҳнатиашро идома дода бошад.
Дар мавриди ҳисоб намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолии дар қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинигардида истифода карда мешавад.».
37. Моддаи 47 хориҷ карда шавад.
38. Дар моддаи 48:
- дар қисми 1 калимаи «нафақахӯр» ба калимаи «нафақагир» иваз карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Нафақа шахсан ба нафақагир пардохт карда мешавад ё ба суратҳисоби бонкӣ, ки дар аризаи нафақагир нишон дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани нафақа ба суратҳисоби бонкӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадоранд ҳар сол як маротиба ҳолатҳои аз тарафи бонк пардохт гардидани маблағи гузаронидашударо муқоиса намоянд».
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «3. Нафақа, новобаста ба гирифтани музди меҳнат ва дигар даромадҳо, бе маҳдудият пардохт карда мешавад.»;
- қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
4. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд ва ё модари яккаву танҳояшон вафот кардааст, инчунин дигар кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд ва дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, ба андозаи пурра пардохт карда мешавад.
Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум гардида, дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 50 фоизи нафақаи таъингардида, вале на камтар аз 25 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Тартиби пардохти нафақа ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақаи суғуртавӣ ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаи иҷтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, пардохт карда мешаванд.
Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
6. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, нафақа ба андозаи пурра бо тартибе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва мақомоти адлия муайян карда шудааст, пардохт карда мешавад.
7. Нафақа метавонад дар асоси ваколатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудааст, ба муҳлати на зиёда аз шаш моҳ пардохт карда шавад.
8. Пардохти нафақа метавонад бо қарори сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ё қарори суд дар ҳолатҳои зерин то муайян намудани ҳолатҳои бавуқӯъомада боздошт карда шавад:
- таъйини нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти носаҳеҳ;
- нагирифтани нафақаи ба мақомоти ваколатдор оид ба пардохти нафақа гузаронидашуда зиёда аз шаш моҳ;
- фавти нафақагир.
9. Пардохти нафақа ҳангоми фавти нафақагир дар асоси маълумоти  мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар муҳлати то даҳ рӯз пас аз рӯзи бақайдгирии фавти нафақагир ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маълумот пешниҳод менамояд, қатъ карда мешавад.
Маълумот дар бораи фавти нафақагир аз рӯи шакле, ки бо қарори муштараки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва адлия тасдиқ карда мешавад, пешниҳод мегардад. 
10. Маблағи нафақаи нафақагир, ки бо сабаби фавти ӯ пардохт нагардидааст, то худи рӯзи вафоташ ҳисоб карда шуда, ба аъзои оилаи ӯ, ки якҷоя бо нафақагир зиндагӣ мекард, пардохт карда мешавад.  
Дар сурати мавҷуд набудани аъзои оила, ки бо нафақагир якҷоя зиндагӣ мекарданд, маблағи пардохтанашудаи нафақа ба мерос гузаронида мешавад.».
39. Қисми 5 моддаи 49 хориҷ карда шавад.
40. Моддаи 51 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 51. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ ва нафақаҳо
1. Сармояи шартии нафақавӣ, ки дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, ҳар сол бо тартиби зерин индексатсия карда мешавад:
- барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013–мутобиқи сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян гардидааст;
-  барои давраи пас аз 1 январи соли 2013– мутобиқи сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян карда мешавад.
Сармояи шартии нафақавӣ, ки мувофиқи моддаи 58 Қонуни мазкур барои давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 муайян карда шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, шурӯъ аз 1 январи соли 2014 ҳар сол индексатсия карда мешавад.
2.  Нафақаи суғуртавӣ ҳар сол на камтар аз як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян мегардад, индексатсия карда мешавад.
3. Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
41. Номи БОБИ 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ҚИСМИ ЗАХИРАВИИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ».
42. Дар моддаи 54:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Пардохти қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ»;
- ҷумлаи якуми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз ҳисоби саҳмҳои андӯхтшудаи нафақавии шахсоне, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродиашон маблағ доранд, ҳангоми расидан ба синни нафақавии дар моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда муқаррар карда мешавад.»;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Маблағи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ бо роҳи тақсими маблағи умумии андӯхтҳои нафақавӣ, бо назардошти даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории онҳо, ба миқдори моҳҳои давраи эҳтимолии пардохти нафақа ҳисоб карда мешавад.
Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи  андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар карда мешавад.».
43. Моддаи 55 хориҷ карда шавад.
44. Дар моддаи 56:
- дар қисми 1 калимаҳои «ҳисоби инфиродии захиравии» ба калимаҳои «қисми махсуси суратҳисоби шахсии инфиродӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «Муассисаҳои суғуртакунанда вазифадоранд», «онҳо» ва «намоянд» мувофиқан ба калимаҳои «Муассисаи суғурта вазифадор аст», «он» ва «намояд» иваз карда шаванд.
45. Дар моддаи 57:
- дар номи модда калимаҳои «иловапулӣ ба нафақа аз ҳисоби захираҳои нафақавӣ» ба калимаҳои «қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ» иваз карда шаванд;
- ба қисми 1 пас аз калимаи «саҳмҳои» калимаҳои «суғуртаи ҳатмии» илова карда шаванд.
46. Дар моддаи 58:
- аз номи модда калимаҳои «бо назардошти замонавигардонии даромадҳо» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 1 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:  «Дар ин маврид, барои ҳар моҳи пурраи собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудааст, сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида, дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешавад.»;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки барои он дар натиҷаи бо пул арзёбӣ гардиданаш сармояи шартии нафақавӣ гузаронида шудааст, ҳангоми муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ ҳамчун собиқаи суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.»;
- қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳориҷ карда шаванд.
47. Дар моддаи 59:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Сармояи шартии нафақавӣ барои ҳисоб кардани қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2017 дар асоси маълумоти дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа мавҷудбуда дар бораи музди меҳнати (даромади) шахси суғурташуда, ки аз рӯи он саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ пардохт карда шудаанд, муайян карда мешавад.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисоб карда шуда, калимаҳои «дар байни» ва «, ки масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ)-ро танзим мекунанд,» мувофиқан ба калимаҳои «байни» ва «дар бораи баҳисобгирии собиқаи суғуртавии давраи фаъолияти муваққатӣ дар ин давлат,» иваз карда шаванд; 
-  қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Дар давраи то 1 январи соли 2017 ба шахсони зерин, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъминоти нафақа аз рӯи синну сол дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад:
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1954 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1959 таваллуд шудаанд;
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1959 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1964 таваллуд шудаанд ва дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд;
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1964 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1969 таваллуд шудаанд ва дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва ба таври доимӣ истиқомат мекунанд;
- шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ба нафақаҳои имтиёзнок аз рӯи синну сол ва барои хизмати дарозмуҳлат  ҳуқуқ пайдо кардаанд;
- нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин гардида, барои бозҳисобии нафақа аз музди меҳнати баландтар ё гузаштан ба нафақа аз рӯи синну сол муроҷиат кардаанд.»;
- дар қисми 5 калимаи «мазкур» ба калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» иваз карда шавад;
- қисми 7 хориҷ карда шавад.
48. Дар қисми 1 моддаи 60 калимаи «нафақаҳои» ба калимаҳои «нафақаи меҳнатии» иваз карда шавад.
49. Ба матни моддаи 61 пас аз калимаи «намудани» калимаи «меъёрҳои» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад. Меъёрҳои моддаи 24 ва қисми 4 моддаи 46 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 татбиқ карда шаванд.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1200


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2015, № 1768 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» - ро  баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

              Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 805


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 1960
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед