қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод.48, Фасли ХVIII; с. 1997, №9, мод.117, Фасли VI; с. 1998, №10, мод.119, Фасли V; №22, мод.318; с. 1999, №5, мод.61; №9, мод.236; №12, мод.351; с. 2002, №4, қ.1, мод.158; №11, мод.711; мод. 735; с. 2005, №7, мод.406; с. 2007, №7, мод.695; с. 2008, №10, мод.823; с. 2009, №9-10, мод.547; с. 2011, №12, мод.853; с. 2012, №4, мод.273; №7, мод.703) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 21:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 21. Шартҳо ва давраи таъини нафақаи маъюбӣ»;
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад.».
2. Қисми дуюми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурӯҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва муҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
3. Моддаи 32 хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 53 рақамҳои «22, 32» ба рақамҳои «21, 22» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 96 калимаҳои «маҳалли истиқомати» ба калимаҳои «ҷойи қайди» иваз карда, калимаҳои «сарфи назар аз ҷойи қайд» хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 99:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «эътимоднома», «Эътимоднома» ва «Эътимодномаро» мувофиқан ба калимаҳои «ваколатнома», «Ваколатнома» ва «Ваколатномаро» иваз карда шаванд;
- дар қисми якум пас аз калимаи «Нафақаро» калимаҳои «ба истиснои нафақаи маъюбони гурӯҳҳои II ва III» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1199
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 январи соли 2015, № 1751
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 804
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2015 №: 61-65 Мутолиа карданд: 1642