қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №4, мод.201; с.2008, №12, қ.2, мод.1017; с.2009, №3, мод.89; с.2011, №3, мод.178; №6, мод.444) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 41. Фаъолият дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ба кор дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муддати шаш моҳ ҳамчун коромӯз фаъолият намудааст, баъд аз гузаштан аз аттестатсияи комиссияи аттестатсионӣ қабул шуда метавонад. Низомномаи комиссияи аттестатсионии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Ба вазифаи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва на камтар аз се сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, таъин карда мешавад.
3. Роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро роҳбари мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.».
2. Дар моддаи 7:
- дар қисми 1 ҳамин модда, номи моддаи 20, қисми 3 моддаи 21, сархати панҷуми қисми 1 моддаи 47 ва қисми 2 моддаи 67 калимаҳои «ном, номи падар ва фамилияро» ва «ном, номи падар ва фамилияи» мувофиқан ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падарро» ва «насаб, ном ва номи падари» иваз карда шаванд;
- ба қисми 2 баъд аз калимаҳои «ақди никоҳ» калимаҳои «,ба истиснои ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» илова карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, инчунин дигар хизматрасониҳои иловагиро ба ҷо меоранд.».
3. Қисми 1 моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори роҳбарикунандаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Мақсад, вазифа ва ваколатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.».
4. Ба Қонун моддаи 111 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 111. Маблағгузории мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.».
5. Моддаи 12 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 12. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии музднок барои ба ҷо овардани амалиёти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва шахсони ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҷо меоранд.
3. Кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар шахсони ваколатдор барои хизматрасониҳои иловагии музднок, ки бо сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ алоқаманданд, аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохти ҳаққи хизматро меситонанд. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднокро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
6. Дар банди дуюми қисми 3 моддаи 19, қисмҳои 1, 2 ва 4 моддаи 20, моддаи 37, сархати якуми қисми 1 моддаи 38, моддаи 45, сархати панҷуми банди дуюм ва банди чоруми қисми 4 моддаи 59, қисми 4 моддаи 67, сархати сеюми банди чоруми моддаи 68 ва бандҳои дуюм ва сеюми қисми 3 моддаи 72 калимаҳои «Фамилияи», «фамилияаш», «фамилияи», «фамилияҳои», «фамилияашро», «фамилияе» ва «фамилияҳо» мувофиқан ба калимаҳои «Насаби», «насабаш», «насаби», «насабҳои», «насабашро», «насабе» ва «насабҳо» иваз карда шаванд.
7. Моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 23. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар
1. Қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар дар асоси аризаи падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони манфиатдор дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ӯ, ки аз ҷониби бойгонии дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шудааст, инчунин маълумотнома аз ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомати кӯдак ва аз муассисаи таҳсилоти умумие, ки кӯдак дар он ҷо таҳсил мекунад, пешниҳод карда мешавад. Маълумотномаи бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси санҷиши муҳлати панҷсола (соли таваллуди кӯдак, ду соли пеш ва ду соли баъди таваллуди ӯ) тартиб дода шавад. Қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар танҳо аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва шаҳр гузаронида мешавад.
2. Қайди давлатии таваллуди кӯдаке, ки ба балоғат расидааст, дар асоси аризаи худи ӯ гузаронида мешавад. Дар ин маврид баробари ариза ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотнома аз бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуд ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар.
3. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ парванда омода намуда, барои санҷиши шахсияти зикргардида онро ба шуъбаи корҳои дохилии ҷойи зисти шаҳрванд мефиристад. Пас аз гирифтани ҷавоби хаттии натиҷаи санҷиш мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба рад намудан ё қонеъ гардонидани муроҷиати воридгашта хулоса таҳия менамояд.
4. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ва ё аз он калонтар дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти таваллуд ба ҷо оварда мешавад.».
8. Дар моддаи 30:
-ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: «Гузаронидани муҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии вафот аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.»;
-қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии вафотро дар рӯзи муроҷиат (дар ҳолати мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ) амалӣ менамояд.».
9. Ба қисми 6 моддаи 36 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:«Кохҳо ва хонаҳои ақди никоҳ маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳро дар вазъияти ботантана танҳо дар дохили биноҳои худ амалӣ менамоянд.».
10. Ба моддаи 73:
- дар номи модда калимаҳои «тағйирот ва иловаҳо» ба калимаҳои «тағйирот, иловаҳо ва қайдҳо» иваз карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Дар сурати пешниҳод шудани ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот, иловаҳо ва қайдҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ду ва зиёда кӯдаки ноболиғ аз як оила аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ҳамаи онҳо як хулосаи умумӣ тартиб дода мешавад.».
11. Ба қисми 2 моддаи 79 банди чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Дар баробари ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ё ҳуҷҷати гумшуда) ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар;
-шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотномаи бойгонӣ оид ба набудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.».
12. Боби 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«БОБИ 11. БОЙГОНИИ МАҚОМОТИ САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
Моддаи 83. Ташаккулёбии фонди бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Фонди бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҳисоби китобҳои бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, китобҳои метрикӣ, ки то ташкил намудан ё аз нав барқарор кардани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода шудаанд, инчунин дигар асноди вобаста ба тағйироти ба санадҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ воридгардида ташаккул меёбад.
2. Китобҳои бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар он нусхаҳои якуми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷамъ оварда, дӯхта, рақамгузорӣ карда ва муҳр гузошта шудаанд, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии онҳо нигоҳ дошта мешаванд.
3. Китобҳои бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар он нусхаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷамъ оварда, дӯхта, рақамгузорӣ карда ва муҳр гузошта шудаанд, инчунин китобҳои метрикӣ, ки то ташкил намудан ё барқарор кардани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода шудаанд, дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ нигоҳ дошта мешаванд.
4. Нусхаҳои якум ва дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, баъд аз ба охир расидани сол якҷоя бо ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии маълумоти аснод асос шуда буданд, барои нигаҳдорӣ ба бойгонии ҷумҳуриявии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ супорида мешаванд.
5. Нусхаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо рақами тартибӣ ва намудҳои сабти аснод аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии онҳо ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешаванд. Ҳуҷҷатҳои аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо ба Агентии мазкур воридшуда пас аз таҳлил дар муддати на дертар аз шаш моҳ ба бойгонии ҷумҳуриявӣ ва бойгониҳои вилоятӣ баргардонида мешаванд.
6. Тартиби ҳисоботдиҳӣ, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, иловаҳо ва қайдҳоро ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нигоҳдории бойгонӣ, тартиби муроҷиат ва додани ҳуҷҷатҳоро мақоми ваколатдор оид ба назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян мекунад.
Моддаи 84. Муҳлати нигоҳдории санадҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Нусхаҳои якуми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба муҳлати 75 сол аз рӯзи тартиб додани онҳо нигоҳ дошта мешаванд.
2. Дар навбати худ бойгониҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳар ду нусхаи сабти аснодро бо ҳам муқоиса намуда, ислоҳ, тағйирот, иловаҳо ва қайдҳои заруриро ворид менамоянд, сабти асноди корношоямшударо иваз мекунанд ва бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда, онҳоро ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимӣ месупоранд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1198
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 14 январи соли 2015, № 1732
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 803
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2015 №: 61-65 Мутолиа карданд: 2413