қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МОРАТОРИЯИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012 «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 709) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати дуюм калимаҳои «шахси ҳуқуқии» ва «машғул аст» мувофиқан ба калимаҳои «шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродии» ва «машғуланд» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «шахси ҳуқуқие» ва «мекунад» мувофиқан ба калимаҳои «шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие» ва «мекунанд» иваз карда шаванд;
- сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ – шакли фаъолияти мақоми санҷишкунанда оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор мутобиқи талаботи қонунгузорӣ;»;
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ – ҳуҷҷате, ки субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ будани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродиро тасдиқ мекунад ва дар асоси Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад;».
2. Ба қисми 1 моддаи 3 баъд аз калимаи «савдо,» калимаҳои «саноат ва технологияҳои нав,» илова карда шаванд.
3. Дар қисми 5 моддаи 5 калимаҳои «дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур» ба калимаҳои «на дертар аз се рӯзи гузаштани муҳлати баррасии ариза ройгон» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 6 рақами «48» ба рақами «28» иваз карда шавад.
5. Дар қисми 1 моддаи 8:
- сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1192
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 январи соли 2015, № 1748
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 797
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2015 №: 61-65 Мутолиа карданд: 1723