қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.2, мод.703; мод.704; с. 2006, №3, мод.159; с. 2007, №7; мод.681; с. 2008, №6, мод.459; №10, мод.818; с. 2011, №3, мод.160; №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод.250; №7, мод.695; мод.724; №8, мод.818; №12, қ.1, мод.1000; с. 2013, №12, мод.879), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 7) моддаи 345 калимаҳои «муҳими давлатӣ» ба калимаи «муҳим» иваз карда шаванд.
2. Қисмҳои 1 ва 2 моддаи 381 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«1. Барои батаъхиргузорӣ ё тамдиди муҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоизҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи зерфасли 2 фасли II ва моддаҳои 382, 393, 394, 396 ва 398 Кодекси мазкур.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур фоизҳо пеш аз пардохти қарз ё ҳамзамон бо пардохти маблағи қарзи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи Кодекси мазкур супорида мешаванд.».
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қисми 1 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 ва қисми 2 ҳамин модда пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015 № 1189
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014 № 1710
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015 № 794
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2015 №: 61-65 Мутолиа карданд: 1650