logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    с. 2012, №9, мод.838; с. 2013, №12, мод.889, мод.890) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 17:
- ба зербанди а) банди 28) пас аз калимаи «гирифтааст» калимаҳои «. Агар дар муҳлати шаш моҳи тақвимӣ пас аз соли ҳисоботӣ доир ба истифодабарии фоидаи баъди андозбандӣ боқимонда қарори дахлдор қабул нашуда бошад, новобаста ба  истифодабарии минбаъдаи он, барои мақсадҳои андозбандӣ фоидаи мазкур байни саҳмдорон (иштирокчиён) тақсимшуда ҳисобида мешавад» илова карда шаванд;   
- банди 54) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«54) Минтақаҳои оффшорӣ - давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамоянд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди  маълумотро доир ба амалиётҳои бо маблағ ва дигар молу мулк гузаронидашуда пешбинӣ намекунанд. Барои мақсадҳои андозбандӣ номгӯйи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муайян менамояд.».
2. Ба  қисми 4 моддаи 23 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- агар амалиёт (аҳд) бо корхонаҳои резидентии дорои ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифта анҷом дода шуда бошад;».
3. Дар қисми 1 моддаи 67 калимаҳои «аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) ба суратҳисобҳои буҷети дахлдор пардохт шаванд» ба калимаҳои «пардохт карда, тибқи қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ байни буҷетҳои дахлдор аз ҷониби сохторҳои хазинадории мақомоти молияи дахлдор тақсим карда шаванд» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 4 моддаи 70 калимаҳои «озод намекунад» ба калимаҳои «озод мекунад» иваз карда шаванд.
5. Қисми 1 моддаи 71 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
 «1. Уҳдадориҳои андоз бо тартиби зерин пӯшонида мешаванд:
- маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда);
- фоизҳои ҳисобшуда;
- ҷаримаҳои ҳисобшуда.».
6. Дар қисми 3 моддаи 72:
- дар сархати якум рақами «10» ба рақами «20» иваз карда шавад;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои «огоҳиномаҳои дар сархатҳои якум ва дуюми» ба калимаҳои «огоҳиномаи дар сархати якуми» иваз карда шаванд.
7. Дар сархати чордаҳуми қисми 1 моддаи 89 калимаҳои «ҳисоботи аудиторӣ» ба калимаҳои «хулосаи аудиторӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 104:
- ба зербанди б) банди 7) пас аз калимаи «ғайриманқул» калимаҳои «(ба истиснои объектҳои ғайриманқули барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифодашаванда)» илова карда шаванд;
- дар банди 8):
- зербанди в) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«в) фурӯхтан, додан, гузашт кардан ва дигар намуди бегонакунии саҳмияҳо ва ҳиссаҳои иштирок дар сармояи оинномавии корхонаҳо;»;
- зербанди в) зербанди г) ҳисобида шавад;
- аз банди 11) калимаҳои «(ба истиснои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»)» хориҷ карда шаванд.
9. Ба қисми 5 моддаи 107 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- кумакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд;».
10. Ба моддаи 109 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Фоидаи тавозунии воқеан бадастовардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ аз рӯи меъёрҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар шудаанд, пардохта мешавад.».
11. Аз банди 4) қисми 1 моддаи 110 калимаҳои «Бонки миллии Тоҷикистон,» хориҷ карда шаванд.
12. Дар қисми 1 моддаи 126 калимаҳои «ба корхонаҳои резидентӣ» ба калимаҳои «ба корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ надошта» иваз карда шаванд.
13. Ба моддаи 156 қисми 9 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«9. Эъломияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фоидаи воқеии ба буҷети давлатӣ пардохтшаванда, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, то 1 августи соле, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.».
14. Дар моддаи 158:
-  қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
  «7. Бонки миллии Тоҷикистон андоз аз фоидаро на дертар аз  1 августи соле, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, месупорад.»;
 - қисмҳои 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
15. Дар моддаи 169:
- ба қисми 3 пас аз калимаи «истеҳсолшаванда,» калимаи «пилла,» илова карда шавад;
- дар сархати ҳафтуми қисми 4 калимаҳои «муҳими давлатӣ» ба калимаи «муҳим» иваз карда шаванд.
16. Дар қисми 1 моддаи 172 пас аз калимаи «истеҳсолшуда,» калимаи «пилла,» илова карда шавад.
17. Ба қисми 2 моддаи 181 пас аз калимаҳои «корхонаҳои сохтмонӣ» калимаҳои «, муассисаҳои таълимӣ» илова карда шаванд.
18. Дар қисми 4 моддаи 200 рақами «3» ба рақами «5» иваз карда шавад.
19. Ба қисми 1 моддаи 225 пас аз калимаҳои «пардохт мешавад» калимаҳои «, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад» илова карда шаванд.
20. Ба  моддаи 267 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда;».
21. Аз моддаи 273 қисми 4 хориҷ карда, қисми 5 қисми 4 ҳисобида шавад.
22. Дар моддаи 279:
- сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
 «- барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашаванда то 250 метри мураббаъ - ба андозаи 12,75 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;
- барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 250 метри мураббаъ - ба андозаи 15 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;
- барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашаванда то 200 метри мураббаъ - ба андозаи 9 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;
- барои  объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 200 метри  мураббаъ - ба андозаи 12 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур.»;
- дар гурӯҳи 4 ҷадвали қисми 3 калимаҳои «шаҳрҳо ва шаҳракҳое» ба калимаҳои «шаҳракҳо ва марказҳои маъмурии ноҳияҳое» иваз карда шаванд.
23. Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 калимаҳои  «соҳибкорони инфиродии» ба калимаи «шахсони» иваз карда шаванд.
24. Ба моддаи 294 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
 «3. Кумакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд, ба даромади умумии онҳо дохил намегарданд.».
25. Дар қисми 2 моддаи 312 калимаҳои «муҳими давлатӣ» ба калимаи «муҳим» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
1. Сархати дуюми қисми 15 ва қисми 25 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015,  № 1188


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014 №1708

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 793


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 1897
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед