қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 379) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима калимаҳои «муносибатҳои ҳуқуқиро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «муносибатҳои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаи «қонунгузориро» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқиро» иваз карда шавад.
3. Қисми 2 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта, синнаш аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, интихоб мешавад.».
4. Дар моддаи 11:
- дар қисми 3 калимаи «фикрашро» ба калимаи «ақидаашро» иваз карда шавад;
- ба қисми 5 пас аз калимаҳои «ҳолатҳое, ки» калимаҳои «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» илова карда шуда, калимаи «кардааст» ба калимаи «кардаанд» иваз карда шавад.
5. Ба моддаи 14 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои истиқомати доимӣ баромада рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
6. Ба қисми 4 моддаи 15 пас аз калимаҳои «Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,» калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда шаванд.
7. Дар қисми 5 моддаи 20 калимаи «фикрашро» ба калимаи «ақидаашро» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 57 калимаҳои «Фикри» ва «фикри» мувофиқан ба калимаҳои «Ақидаи» ва «ақидаи» иваз карда шаванд.
9. Дар сархати чоруми қисми 3 моддаи 34 калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015 № 1175
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2015, № 1787
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 780
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2015 №: 61-65 Мутолиа карданд: 1617