барқияҳо
Барқияҳои тасаллият
20 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Тунис Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
Бо андуҳи бузург хабари таассуфангези амали террористии мудҳишро дар осорхонаи «Бардо»-и кишвар, ки боиси шаҳодати зиёда аз бист нафар сайёҳони хориҷию шаҳрвандони Тунис ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам. Ин ҳодисаи фоҷиабор зарурати идомаи муборизаи муташаккилу беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Тунис, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзумандем.
23 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур Ли Сянлун барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
“Ҷаноби Олӣ,
Бо эҳсоси андуҳ хабари даргузашти собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур, падари миллат – Ли Куан Юро дарёфт намудам.
Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, офаринандаи “муъҷизаи сингапурӣ” ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд. Маҳз ба шарофати фаъолияти ислоҳотгаронаи пурсамар ин абармарди олами сиёсат ҳангоми ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Сингапурро аз кишвари ақибмонда ба як давлати мутараққӣ ва пешрафтаи Осиё табдил дод.
Дар ин лаҳзаҳои сангин, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафот ба мардуми дӯсти Сингапур изҳор медорам. Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, наздикон ва пайвандони падари марҳуматон тасаллиёти амиқу самимии хешро баён менамоям”.
25 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
“Аълоҳазрат,
Бо андуҳи бузург хабари суқути фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар ҷануби Фаронсаро, ки боиси марги теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари Шумо ва дигар мусофирон гаштааст, дарёфт намудам.
Бо ибрози таъзия ва тасаллияти самимӣ ба Шумо ва мардуми дӯсти Испания, аз Аълоҳазрат хоҳишмандам, ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро қабул фармуда, ба наздикони ҳалокшудагон бирасонанд”.
25 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
“Хонуми Олиҷоҳ,
Хабари ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар қаламрави Фаронса ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон аз кишвари Шумо моро сахт андуҳгин кард.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафоти гарон ба мардуми дӯсти Олмон баён намуда, хоҳишмандам тасаллиёти самимии моро ба наздикон ва пайвандони фавтидагон лутфан бирасонед”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2015 №: 61-65 Мутолиа карданд: 1429