logo

маориф

ИҚДОМИ НАВИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШВАР

Барои Ҷоми Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон 300  донишҷӯ дар олимпиада ширкат варзиданд. Онҳо дар равияҳои илмҳои дақиқу табиатшиносӣ - биология, иқтисод,  кимиё,  технология ва инновтасия сатҳи дониши худро санҷиданд. Беҳтаринҳо роҳхати таҳсили ройгон дар бахшҳои магистратура ва аспирантура дар Академияи илмҳои кишварро ноил гаштанд.
Дар ин озмун  донишҷӯёни Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон ҷойи аввал ва филиали  тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҷойи дуюмро ишғол карданд.
Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, зимни  муаррифии ғолибон ҳадаф аз баргузории ин иқдомро дастгирии ҷавонони соҳибмаърифат ва фароҳам овардани шароит барои рушди илм дар оянда  арзёбӣ кард:
  - Ҷавононе, ки роҳи илмро интихоб кардаанд, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирӣ қарор мегиранд. Ҳадафи озмун ҳам ҷалби ҷавонон аз  замони донишҷӯйӣ ба илму пажӯҳиш аст. Ҳамаи  пажӯҳишгоҳҳои  Академияи илмҳои кишвар вазифадор мешаванд, ки бо ғолибони даври ниҳоии олимпиада дар тамос бошанд. Донишҷӯён барои худ роҳбар, мавзӯъ ва самти илмиашонро  интихоб намоянд. Аз ҷамъбасти озмун ба хулоса омадем, ки шеваи баргузории олимпиадаҳои байнидонишгоҳӣ, ки  ҳама-сола ба эҳтимоми Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад, чандон мувофиқ ба талабот нест. Бархе аз донишҷӯёне, ки ба ин олимпиадаҳо дастрасӣ надоштанд, дар олимпиадаи Академияи илмҳо натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд.
Донишҷӯён аз баргузории озмун ва зоеъ нашудани талошҳои худ дар роҳи илм қаноатманд гардиданд. Олимҷони Пираҳмад,  донишҷӯйи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз ғолибони озмун аст. Ӯ мегӯяд,  дар чандин озмунҳои дохилӣ ғолиб омадаст, вале ҳоло камбудиҳои озмунҳои дигарро дарк кардааст.
Ғолибони озмун мегӯянд, ки  баргузории озмунҳо дар кишвар дар сатҳҳои мухталиф  чашми донишҷӯёнро  барои ширкат дар олимпиадаҳои байналмилалӣ  мекушояд ва  таваҷҷуҳи онҳоро ба илм бедор месозад. 

Гулхумор САНГОВА,
омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2015    №: 66    Мутолиа карданд: 1337
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед