logo

порлумон

НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ЭЪЛОН ШУД

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 март зимни баргузории як ҷаласа натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро эълон кард.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки рӯзи 27 марти соли равон раъйдиҳӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ муташаккилона баргузор гардид.
Зикр шуд, ки аз ҳар ҳавзаи бисёрмандатии интихоботӣ, аз ҷумла ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 номзадии 5 нафарӣ, дар маҷмӯъ 25 нафар пешбарӣ шуда буд. Вакилони интихобкунанда аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаҳои якҷояи худ ба тарафдории номзадҳои арзандаашон раъй доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи номзадҳои пешниҳодшуда бо гирифтани аксари орои интихобкунандагон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Зимнан, дар комиссияҳои ҳавзавии интихобот  оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз 13 марти соли 2015 сабти номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ оғоз гардида,  22 марти соли 2015 ба анҷом расид. Пас аз он Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи моддаи 41 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муҳлати муқарраргардида, яъне на дертар аз 7 рӯз то интихобот, ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бюллетенҳои интихоботиро дастрас намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2014 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли 2015 таъйин гардида буд.
Шермуҳаммади Шоҳиён зимни ҷаласа изҳор дошт, ки дар робита ба интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ба унвони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ арзу шикоят ворид нашудааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2015    №: 66    Мутолиа карданд: 1393
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед