барқияҳо
БАРҚИЯҲОИ ШОДБОШ БА ШАЙХ САБОҲ АЛ - АҲМАД АЛ - ҶОБИР АС - САБОҲ
31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал - Аҳмад ал - Ҷобир ас - Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Волоҳазрат,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Хушҳолам табрикоти самимии худро ба муносибати 20 - солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Шумо, Волоҳазрат, иброз намоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо сиҳатии комил ва дар амри идомаи роҳбарии хирадмандона ба Давлати Кувайт муваффақият орзу намуда, ба мардуми бародари он истиқрору субот, пешравӣ ва шукуфоӣ таманно намоям.
Аз барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ва эҳёи пайвандҳои таърихии мардумонамон 20 сол сипарӣ шуд. Ин марҳалаест, ки шоҳиди саъю кӯшишҳои бедареғи ҳар ду ҷониб гашта, натиҷаву самараи он дар роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ва муколамаи сиёсии сатҳи баланди ду кишвар якҷо бо мавқеъгириҳои муштарак нисбат ба қазияву навгониҳои байналмилалӣ таҷассум меёбад. Ин амрест, ки азми мутақобилаи моро дар роҳи ниҳодани гомҳои устувор ҷиҳати тавсеаи дурнамои ҳамкориҳои муштарак дар тамоми самтҳо инъикос намуда, ба нафъи муштараки мо хоҳад буд.
Лутфан эҳтиромоти фоиқаи инҷонибро бипазиред».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.04.2015 №: 67 Мутолиа карданд: 1418