барқияҳо
БАРҚИЯҲОИ ШОДБОШ БА ИСЛОМ КАРИМОВ
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред.
Мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намудем. Аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон равонашудаи Шумо, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некуаҳволии мардуми он мебошад.
Мо мутмаин бар онем, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои мо гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон пурра омода аст барои анҷом додани ин кори хайр тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.
Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, иҷозат фармоед ба Шумо саломатии бардавом, умри бобаракат ва саодатмандӣ орзу намуда, дар ин мақоми пурмасъулияти Шумо - Сарварии Ӯзбекистони бародар дар оянда комёбӣ ва дастовардҳои навро таманно намоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.04.2015 №: 67 Мутолиа карданд: 1452