мулоқотҳо
САҲА ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ СОЗАНДА НАҚШИ НАМОЁН ДОРАД
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 апрел Ивитса Дачич – раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), муовини якуми сарвазир - вазири корҳои хориҷии Сербияро ба ҳузур пазируфт.
Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат зимни пӯшиши ин хабар менависад, ки «дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд».
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бузургтарин созмони минтақавӣ дар соҳаи бехатарӣ шумурда, ҳамкорӣ бо онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон хондааст. Масъалаҳои вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот, нақши САҲА дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ, густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербия дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтааст.
Ивитса Дачич, раиси амалкунандаи САҲА, баъд аз дидор бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои мулоқоташро судманд арзёбӣ намуда, афзуд, ки мо дар гуфтугӯ бо Ҷаноби Президент умдатарин масоили минтақаиро матраҳ кардем. Ба қавли ӯ, мусоидат ба устувории вазъи амниятии Осиёи Марказӣ ва ҳалли масоили печидаи минтақаӣ ҳадафҳои аслии ин созмон ба шумор мераванд.
- Ман бори аввал дар ин симат ба Тоҷикистон омадам ва қарор аст аз дигар кишварҳои минтақа низ боздид кунам. САҲА бояд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун шарик дар самти таъмини амнияту субот, рушди муносибот хидмат намояд ва набояд ба масоили дохилии кишварҳо дахолат кунад, - изҳор дошт Ивитса Дачич.
Ин мақоми баландпоя, ҳамзамон робитаи Тоҷикистону Сербияро дӯстона унвон карда, изҳор дошт, ки мо бояд ба ҳамкориҳои сиёсӣ тавсеа бахшида, муносиботи иқтисодиву тиҷоратиро дар сатҳи нав қарор диҳем.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.04.2015 №: 69 Мутолиа карданд: 1340