logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД

2 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба иҷрои қарорҳои ҳамоишҳои қаблии сатҳи олӣ, ба мувофиқа расондани қарорҳои нав, ки дар ҳамоишҳои ояндаи сарони давлатҳо бояд қабул шаванд ва афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баррасӣ шуданд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, “кишварҳои аъзои СААД дар муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои иттилоотию кибернетикӣ, бояд мавқеи мушаххасу ҳамоҳангшуда ва механизмҳои зуд фаъолшаванда дошта бошанд”.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, аз ҷумла иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД доир ба ин масъала, ки моҳи сентябри соли 2013 қабул шуда буд ва ҳамчунин мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ба ном Давлати исломии Ироқу Шом ва пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасони ноогоҳ зоҳир гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СААД дар роҳи муборизаи якҷоя бо таҳдидҳои афзояндаи ин хатарҳо ва нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа муассиру судбахш хоҳанд буд.
Хотиррасон бояд намуд, ки имсол раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро Тоҷикистон бар дӯш дорад ва ҳамоишҳои ҳамаи сатҳу зинаҳои он таҳти раисии мақомоти кишвар ҷараён мегиранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.04.2015    №: 69    Мутолиа карданд: 1379
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед