logo

маориф

БАРНОМАИ ДУРӮҒИНИ «НАБЗ»

Хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 51 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» оид ба ғайривоқеӣ  пахш шудани  гузориш аз ҷараёни рейди Раёсати пешгирии ҷинояткорӣ  байни  ноболиғони  Вазорати корҳои  дохилӣ  дар  барномаи  «Набз» - и  Вазорати  корҳои дохилӣ  тавассути  шабакаҳои телевизиони давлатӣ муроҷиат намуда, аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки акнун дар хона ба таълими дурусти онҳо шак пайдо карданд. Ин дар ҳолест, ки аксари хонандагони мактаби мазкур ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд.

Сарвиноз  Исматова, хонандаи  мактаби мазкур, ки ҳамзамон довталаби медали тилло мебошад, мегӯяд, баъди тамошои барномаи «Набз» - и ВКД  тавассути шабакаҳои телевизион волидайнам нигарон шуданд, ки магар шумо ҷинояткоред, ки дар барномаи ҷинояткорон намоишатон додаанд?
- Аз ҳамон рӯз мо назди оила ва ҳамсояҳову мактабҳои дигар хиҷолат мекашем. Ҳол он ки мактаби мо яке аз фаъолони олимпиадаҳои  пойтахт аст. Дар гузориш гуфтанд, ки гӯиё хонандагон бо сару либоси ғайри расмӣ дар дарс ширкат доштанд. Вале  мо ҳама либоси ягона дорем. Ҳамон рӯз дар синфи мо ду нафар бо сабабҳои узрнок дар дарс ширкат надоштанд, аммо дар барнома гуфтанд, ки 11 хонанда  ҳузур надошт, - гуфт Сарвиноз.
Оминаи  Рӯзибой, ки соли гузашта байни  мактабҳои 22 ноҳияи кишвар дар озмуни  «Хонандаи сол» ҷойи аввалро сазовор гардидааст, дар ҳамин синф мехонад.  Рустам Наҷмиддинов, Шарифамои Ҷумъахон, Олимҷон Ботиев, ғолибони олимпидаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои география, технологияи информатсионӣ ва таърих ҳамагӣ хонандагони синфи 11-и мактаби мазкур мебошанд, ки дар барномаи «Набз» мавриди интиқод  қарор гирифтанд. Дар ҳоле  ки ширкат ва ғолибии хонандагони мазкур дар олимпиадаҳо далели фаъол будан ва таълими босифат аст, пас чаро онҳо қаҳрамони барномаи криминалии «Набз» - и ВКД гардиданд?
Бо мақсади равшанӣ андохтан ба нигаронии хонандагон бо масъули рейд дар мактаби мазкур, капитани милиса  Баҳрулло Худоиев дар тамос шудем. Номбурда иброз дошт, ки рейди мазкур дар асоси дурнамои  чорабиниҳои муштарак байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм сурат гирифтааст:
- Бале, мо рафта будем, пешакӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва мактаб хабар доштанд. Рӯзҳои рейд кадом мактабе, ки дар дурнамо мушаххас аст бояд, ки вазорат ё шуъбаи маорифи шаҳру ноҳия мактабҳоро огоҳ мекард.  Риояи  дастурҳои  вазорати  маориф ва илм оид ба либоси ягона,  мӯйи сари хонандагон ва бидуни телефони мобилӣ ба дарс ҳозир шуданро мо ҳуқуқи назорат кардан дорем.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ба суоли он ки чаро дар рӯзи рейд  дар синфи 11 ҳамагӣ ду хонанда ҳузур надошт, аммо дар барнома 11 нафар ёдрас шудед, посух доданд, ки наворҳо ғалат пахш шуданд.
– Он ҷо дар бораи мактаби миёнаи таҳсилоти умуми № 47 маълумот буд. Вале таҳиягари барнома  иштибоҳан мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 51 - ро нишон дод.
Пас агар кадр хато рафта бошад, мебоист дастандаркорони ин рейд аз тамошобинон ва маъмурияти мактаб узр мепурсиданд. Аммо то ҳол ин амалро анҷом надодаанд.  
Салима Суҳробова, директори мактаби мазкур мегӯяд, ки соати вориди мактаб гардидани намояндагони ВКД машғули дарс будааст ва интизор доштааст, ки ҳоло ба суроғаш меоянд ва баъди ба охир расидани дарс қабл аз наворбардорӣ суҳбат мекунанд.
- Аз тиреза дидам, ки ҳавлии мактаб ва хонандагонеро, ки аз дарс чанд дақиқа дер омадаанд, наворбардорӣ доранд. Ба хотири парешон накардани дарс ва хонандагон аз тиреза дидаму аз синф  набаромадам. Ҳатто барномаро тамошо накардам, наворро волидайни шогирдон оварданд, ки фарзанди мо аълохон аст, на ҷинояткор ки дар барномаи криминалӣ нишон доданд.
Вазорати маориф ва илм мегӯяд,  нақшаи  дурнамои ҳамкориҳо бо ВКД-ро тасдиқ кардаанд, аммо ин ба он маъно нест, ки бо хонандагон муносибати ғайрикасбӣ сурат гирифта маълумоти нодуруст тавассути васоити ахбори омма нашр шавад.  

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 3894
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед