logo

маориф

ДОНИШҶӮ: ТАХАССУС ВА ҶАҲОНБИНӢ

Корҳои илмию тадқиқоти мутахассисонро перомуни таълими касбӣ ва ҷаҳонбинии касбӣ баррасӣ намуда, ба хулоса омадем, ки объекти омӯзиши онҳо асосан наврасони синни мактабии синфҳои болоӣ мебошанд. Масъалаҳои тамоюли касбии донишомӯзии донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҷаҳонбинии касбии онҳо  тадқиқи кофӣ нашудааст.

Мутаассифона, солҳои охир фаъолияту дастовардҳои намоёни олимони педагог ва дигар муҳаққиқони соҳаи омӯзиши ҳаёти ҷамъиятии ҷавонон оид ба рушди касбии донишомӯзӣ дида намешавад. Асарҳо ва таҳқиқотҳои назаррасро дар даст надорем, ки боиси мубоҳиса шуда бошанд. Имрӯзҳо устодон донишҷӯёнро асосан бо дарсҳои лексионию амалӣ, семинарҳо ва ғайра машғул месозанд. Дарсҳо бо пойгоҳҳои таълимӣ - истеҳсолӣ қисман таъминанд ё ин ки пойгоҳҳо дар донишкадаю донишгоҳҳо дастгирии моддии нокифоя доранд. Аз рӯи тахассус, махсусан ихтисосҳои ба истеҳсолот зарур, гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён мушкил буда, корхонаҳои мамлакат ба ин масъала тамоман ёрӣ намедиҳанд.    
Таҷрибаи чандинсолаи таълимию таҳқиқотии мо имконият медиҳад ба хулоса оем, ки хориҷшавии донишҷӯён аз макотиби олӣ якчанд омил дорад. Сабаби аз ҳама асосӣ набудани рағбат ба таҳсил ва кор аз рӯи ихтисоси интихобкарда аст. Раванди сифати пасти касбомӯзӣ сабаби дуюм шуда метавонад. Омили хеле муҳим ташаккулёбии муносибати мусбат ба ихтисос ва муҳимияти он буда, бо мутаносибии ихтисос ба лаёқати шахс ва рағбати донишҷӯ вобастагӣ дорад. Омили сеюми пуртаъсире низ ҳаст, ки ба коҳиш ёфтани рағбати донишҷӯ ба касби интихобкардааш меорад. Ин музди кам, дарозии рӯзи кор ва хасташавии ҷисму асаб мебошад.
Таҳлили омилҳо нишон медиҳад, ки раванди тахассусии таҳсили донишҷӯён фаъолнокии дохилии онҳоро пурзӯр менамояд. Ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён дар ҷараёни таҳсили онҳо ин азнавташкилёбии арзишҳо, ақидаҳо, принсипҳои фаъолияти онҳост.
Ба таҳсили муваффақи донишҷӯён дар мактаби олӣ якчанд омилҳо таъсир мерасонанд: вазъи моддӣ, саломатӣ, синну сол, муҳити оилавӣ, сатҳи умумии омодагӣ ба дарсҳо, малакаи созмондеҳӣ, банақшагирӣ ва назорати фаъолияти худ, мақсади интихоби мактаби олӣ, шакли таҳсил, мавҷуд будани пардохти таҳсил ва ҳаҷми он, ташкили ҷараёни таҳсил дар мактаби олӣ, пойгоҳи моддии мактаби олӣ, сатҳи касбии омӯзгорон ва ғайра.
Мустаҳкамии ҳар гуна биноро таҳкурсии он муайян месозад. Пас, бе инкишофи зеҳнии шахс ва дарк намудани ӯ ҳамаи заҳматҳо дар ҷараёни тарбияву таълим, эҷод ва муносибатҳои байнишахсӣ бар ҳадар меравад. Мушкилиҳои ҳаёт ва муаммоҳои муҳити иҷтимоӣ муҷиби навмедӣ ва фориғболии донишҷӯён мегардад. Ба ҳар ҳол одам қобил аст, ки дар ин мушкилиҳо самти ҳаракати худро гум накунад. Дар ин кор сатҳи маърифату саводи баланд, ҷаҳонбинии дурандешона ёрирасони инсон шуда метавонанд.

Мурот НАРЗИЕВ,
номзади илми иқтисодӣ,
дотсент, мудири кафедраи кори бонкии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2015    №: 74    Мутолиа карданд: 1474
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед