порлумон
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН НУҲ МАСЪАЛАРО БАРРАСӢ КАРД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, 9 масъала баррасӣ шуд.
Дар оғози ҷаласа Шукурҷон Зуҳуров ба аҳли хонаводаи қурбониёни офати табиии деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод изҳори тасаллият кард.
Мавсуф аз роҳбарони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ талаб кард, ки зимни баррасии қонуну санадҳои марбут ба соҳа шахсан ширкат намоянд. Дар ҳолати бе сабаби узрнок иштирок накардан, масъалаи пешниҳодшуда баррасӣ намегардад.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» иброз дошт, ки он ба мақсади озод намудани кор ва хидматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони «Театри миллӣ» аз андоз аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида таҳия шудааст. Ҳамчунин пудратчӣ барои воридоти масолеҳи сохтмонӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, фармоишгар ва пудратчии асосӣ – Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП «Сирдарё» мебошанд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаанд. Иншооти мазкур дар муддати 5 сол бо маблағи 680 миллион сомонӣ бунёд мегардад.
Суҳроб Паноев, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, зимни баррасии Созишома оид ба ҳамкории давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ гуфт, ки он 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Санкт- Петербург ба имзо расид. Дар созишнома масъалаҳои ҳамкорӣ пурра ва мушаххас дарҷ гардидаанд.
Ба гуфтаи мавсуф, вазъияти мураккаби сиёсии амниятӣ дар шароити муосир, пурзӯр гардидани фаъолияти созмонҳои террористӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун воситаи муваффақ гардидан ба амалҳои ҷиноятӣ зарурати муборизаи дастаҷамъонаро бо ин падидаи манфӣ ба миён овардааст.
Фаъолияти минбаъдаи давлатҳои ИДМ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ, ки дар доираи талаботи ҳамин созишнома ба роҳ монда мешавад, воситаи муносибест барои густариши бештари ҳамкориҳои судманд ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ.
Ҳамчунин аз тарафи вакилон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният тасдиқ гардид.
Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, иброз дошт, ки дар он асосҳо оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният, манфиатҳои тарафайн дар таъмини бехатарии миллии ҳар ду давлат, рушди ҳамкорӣ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва психотропӣ барои баста шудани созишномаи мазкур ифода ёфтааст.
Бахтовар Сафаров, вакили порлумон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иброз дошт, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади мутобиқ намудани Рӯзи иди касбии кормандони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мувофиқи лоиҳаи мазкур Рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратура аз 14 декабр ба 14 март гузаронда шуд.
Мунаввари САФАР,«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2015 №: 74 Мутолиа карданд: 1410