сафарҳо
САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Сарвари давлатро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.04.2015 №: 75 Мутолиа карданд: 5643