энергетика
НЕРУГОҲҲОИ «КӮЛОБ» ВА «МЕҲНАТОБОД» ДАР ҶОИ МУВОФИҚ СОХТА МЕШАВАНД
Вобаста ба мақолаи «Дар Кӯлоб неругоҳ сохтанд ё кафтархона?» ба маълумотатон мерасонем, ки сохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» на дар лоиҳакашӣ ва на дар сохтмони неругоҳҳои «Кӯлоб» ва «Меҳнатобод» ширкат надоштанд. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 320 неругоҳҳои хурд мавҷуданд, ки ҳамагӣ 16 адади онҳо дар мувозинаи ширкат қарор дорад.
Дар асоси тавсияҳои мутахассисон пешниҳод шудааст, ки таҷҳизоти неругоҳҳои «Кӯлоб» ва «Меҳнатобод» - и Восеъ таҷзия карда шуда, дар ҷойҳои мувофиқ васл карда мешаванд. Барои ҳалли ин масъала бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи тоҷик», Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» гурӯҳи кории байниидоравӣ созмон дода, дар якҷоягӣ омӯзиши мавзеъҳое, ки маҷрои мувофиқи об доранд, гузаронда мешавад. Айни замон омӯзиши мавзеъҳо идома дошта, бо назардошти беҳ шуда истодани вазъи молиявии Ширкат онҳо амалӣ мегарданд.
Ҷ. Қ. БОБОЕВ,
муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.04.2015 №: 76 Мутолиа карданд: 13371