порлумон
ДУ ФРАКСИЯ ВА ГУРӮҲИ ВАКИЛОН ТАШКИЛ ШУД
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, панҷ лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.
Азизмат Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорат дастур ва ташкили кор, зимни баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ ва амалӣ гардондани барномаҳои пешазинтихоботӣ метавонанд дар фраксияҳо ва гурӯҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон муттаҳид шаванд. Дохил шудан ба гурӯҳҳо ва фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагон ва баромадан аз онҳо ихтиёрист. Барои ба қайд гирифтани гурӯҳ ё фраксия шумораи онҳо аз 5 нафар кам набошад.
Мавсуф зикр кард, ки шумораи аъзои ҳизби мазкур аз 43 нафар иборат аст.
Назар ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, дар ҷаласаи аввали ташкили фраксияи ҲХДТ, ки чанд рӯз қабл ба вуқӯъ пайваста буд, Бахтовар Сафаровро раиси фраксия интихоб намуданд. Ӯ яке аз ҷавонтарин вакилон буда, 32 - сола аст ва номзади илми ҳуқуқ мебошад.
Дар ҷаласа фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки шумораи вакилонаш 5 нафар аст, ба қайд гирифта шуд. Аъзои фраксияи ҳизби мазкур Толиббек Бухориевро раис интихоб намуданд. Мавсуф доктори илмҳои кишоварзӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзӣ буда, солҳои охир ба ҳайси ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ фаъолият дошт.
Ҳамчунин, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи бақайдгирии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Ба гуфтаи Азизмат Холмуҳаммадзода, шумораи онҳо ба 8 нафар мерасад ва раиси ин гурӯҳ вакил аз ҳавзаи интихоботии Конибодом Равшан Раҷабов интихоб шудааст.
Дар ҷаласа бо пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода интихоб гардиданд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.2015 №: 79 Мутолиа карданд: 1478