мулоқотҳо
Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон
бо Дмитрий Медведев
7 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев телефонӣ сӯҳбат карданд. Дар оғози сӯҳбат натиҷаҳои мулоқоти сарони 20 давлати тараққикардаи саноатии ҷаҳон дар масъалаи бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ карда шуд.
Сарони ҳар ду давлат дар робита роҷеъ ба роҳҳои то ҳадди имкон камтар сохтани таъсири зуҳуроти бӯҳронӣ ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳояшон табодули назар намуданд. Мусоҳибон ба вазъияти имрӯза ва нақшаҳои дурнамои муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои гуногун диққати калон доданд.
Қисмати бештари сӯҳбат ба муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаи энергетика бахшида шуд. Паймон карда шуд, ки маросими ботантанаи ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» моҳи майи соли равон бо иштироки президентҳои ҳар ду мамлакат баргузор карда мешавад. Дар ин маврид роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории Русияю Тоҷикистон дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти Русия хоҳиши Сардори Тоҷикистонро дар бобати тезонидани суръати корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар чор ҳавзаи газ аз ҷониби ширкати «Газпром» ба инобат гирифта, ваъда дод, ки барои тезонидани чунин корҳо дастурҳои дахлдор дода мешаванд.
Ҷониби Русия зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ хабар дод, ки барои омода сохтани мутахассисони тоҷик дар мактабҳои олии Русия ҷойҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳар ду ҷониб инчунин дар бораи ҳарчи зудтар кушодани филиали мактабҳои олии Русия дар Тоҷикистон паймон карданд.
Баъдан масъалаҳои ҳамкории ҳарбию техникии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар фарҷоми сӯҳбат масъалаҳои дорои хусусияти байналмилалӣ ва минтақавии мавриди назарашонро баррасӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2334