туризм
ШУМОРАИ САЙЁҲОН ДУ МАРОТИБА АФЗУД
Босамар ва босифат мавриди амал қарор додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм, ҳамкорӣ бо идораю муассисаҳои ватанӣ, сохторҳои туристии кишварҳои дуру наздик ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин ҷода аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли равон боиси ба натиҷаҳои назаррас ноил шудани бахши сайёҳии кишвар гардид.
Дар семоҳаи якуми соли 2015 ба кишвар 73 685 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 63320 сайёҳ ташриф овард ва аз ҳисоби сайёҳон ба иқтисодиёти мамлакат 31 миллиону 660 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ворид гардид.
Дар семоҳаи аввали соли гузашта 27207 сайёҳ ба тамошои Тоҷикистон омада, аз ҳисоби онҳо ба иқтисодиёти мамлакат 13 миллиону 603 ҳазору 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид шуда буд. Яъне, шумораи сайёҳон дар семоҳаи аввали соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 36 113 нафар афзуд.
Таҷриба собит месозад, ки тавассути роҳандозии тадбирҳои пайгиронаю босамар бобати таблиғу ташвиқи захираҳои туристӣ ва муаррифии пайвастаи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии кишвари биҳиштосои мо шумораи сайёҳони хориҷӣ афзоиш ёфта, ба ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.
Наврӯз ҚУРБОНОВ,
мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.04.2015 №: 81 Мутолиа карданд: 11739