мулоқотҳо
НАВСОЗИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ХОРУҒ - КУЛМА БА МИЁН ГУЗОШТА ШУД
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо котиби Кумитаи ҳизбӣ - роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян аз сатҳи муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноат кардааст.
Ин дидор рӯзи 20 апрел дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба он иттиллоъ медиҳад, ки зимни суҳбат «масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуд». Дар мулоқот бо назардошти он ки имсол барномаи амалкунандаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом мерасад, бо сифати баланд таҳия намудани барномаи нави ҳамкорӣ зарур шумурда шудааст.
Манбаъ гузориш медиҳад, ки «ба нақши гузаргоҳи сарҳадии Кулма - Қаросу ҳам баҳои баланд дода шуд, зеро ҳаҷми боркашонӣ аз ин роҳ тайи 10 соли охир 35 баробар афзуда, ба ҳаҷми боркашониҳои хориҷии Роҳи оҳани Тоҷикистон баробар гардидааст. Дар робита ба ин тамоюл зарурати навсозии роҳи мошингарди Хоруғ - Кулма ба миён гузошта шуд».
Котиби Кумитаи ҳизбӣ - роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон аз натиҷаҳои судбахши ҳамкориҳои дуҷониба хушҳол шудааст. Вай аз корхонаву муассисаҳои муштараки Тоҷикистону Чин боздид карда, аз суръат ва ҷараёни корҳои пурсамари онҳо тавсиф кард.
- Мо дар доираи ҳамкорӣ натиҷаҳои бадастомадаро аз соли 2010 ба ин сӯ миёни Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғур таҳқиқ намудем. Маълум гардид, ки ҳамаи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар асоси созишномаҳои тарафайн пурра татбиқ шудаанд. Чунин раванд моро ба дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳои судбахш умедвор месозад, - гуфт Чжан Чунсян.
Гуфта мешавад, ки саҳми Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғур дар ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин 78 дарсадро ташкил медиҳад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.04.2015 №: 82 Мутолиа карданд: 1391