logo

мулоқотҳо

Ҳамкории порлумонии Тоҷикистону Аврупо густариш меёбад

8 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кумитаҳои ҳамкории порлумонии   Иттиҳоди Аврупоро, ки бо роҳбарии Она Юкневичине бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз густариши рӯзафзуни муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид намуд:
-Барои Тоҷикистон омӯхтани таҷрибаи фарохи парламентаризми Аврупо аҳамияти зиёд дорад.
Ба гуфти Она Юкневичине сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифта буд ва мулоқоту вохӯриҳои бо ниҳодҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо анҷомдодааш, ба густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Порлумони Аврупо, такони тоза дод.
-Баъд аз ин мулоқотҳо дар Аврупо фаҳмиши нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар таъмини амнияту суботи минтақа, беҳ шуд, - таъкид намуд Она Юкневичине.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкории Тоҷикистону Аврупо дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, амнияти минтақавӣ, илму маориф, тандурустӣ, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба омодагӣ ба мулоқоти вазирони корҳои хориҷии сегонаи Аврупо бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
Хотиррасон мекунем, ки манзур аз сегона (тройка)-и Аврупо раисикунандаи гузашта, ҳозира ва ояндаи Иттиҳоди Аврупо мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2197
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед