маориф
МИБК БОЯД АЗ ҚАЙДИ ДАВЛАТӢ ГУЗАРАД
Тарбияи томактабӣ яке аз самтҳои афзалияноки соҳаи маорифи кишвар ба шумор рафта, ба он таваҷҷуҳи бештар равона шудааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, мисли ширхоргоҳ, ширхоргоҳ - кӯдакистон, кӯдакистон, мактаб-интернат, хонаи кӯдакон, маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, кӯдакистони оилавӣ ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатӣ ва хусусӣ амал менамоянд. Дар ин муассисаҳо кӯдакони то 7- сола ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон (МИБК) дар ҷумҳурӣ дар раванди фарогирии кӯдакони хурдсол ба таълиму тарбия падидаи нисбатан нав маҳсуб меёбанд. Доир ба ҳадаф аз таъсиси ин муассисаҳо, замина, саҳми ин марказҳо дар тарбияи насли наврас ва мушкилоти ин ришта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Кабутаршо Миршоев, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят, чунин ибрози назар намуд:
Таълиму тарбия дар Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, чун дигар шаклҳои муассисаҳои томактабӣ бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотӣ ба роҳ монда мешавад. Маълум аст, ки дар синни аз 3 то 7 кӯдакон муҳимтарин ҷиҳатҳои қобилият, маҳорат ва муносибат бо муҳити зистро омӯхта, донишҳоеро касб мекунанд, ки дар оянда ба қобилият, инкишофи фардӣ, муносибат бо атрофиён ва ҳатто рафтори онҳо дар ҷомеа таъсир мерасонанд. Инро ба назар гирифта, аз 2 июли соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ қабул гардид, ки он талаботи ягонаро барои таҳсилоти томактабӣ то синни 7 муқаррар намуд. Ба вусъати шаклҳои гуногуни таҳсилоти томактабӣ тасвиби Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» замина гузошт, ки яке аз ин шаклҳо марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон мебошад. Ин марказҳо дар асоси Барномаи махсус, ки он бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2013 тасдиқ гардид, амал менамоянд. Айни ҳол тибқи қарори мазкур дар вилоят 146 адад марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон фаъолият доранд. Марказҳо ҳангоми таъсис аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии ЮНИСЕФ, Хазинаи Оғохон ва Бунёди Сорос бо таҷҳизоти зарурӣ, амсоли ҷевон, миз, курсӣ, китоб, бозичаҳо, қолинҳо, дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва маводи хониш таъмин гардиданд.
Ҳоло дар марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакони вилоят 3554 нафар кӯдакон фаро гирифта шуда, ба таълиму тарбияи онҳо 277 нафар омӯзгор машғуланд. Ҳамаи ин омӯзгорон дар Донишкадаи такмили маълумоти касбии вилоят аз такмили ихтисос гузаштаанд. Дар давоми се соли охир барои омӯзгорони марказҳо 5 маротиба семинар бо иштироки 108 шунаванда ва 20 курс бо иштироки 402 шунаванда ташкил гардиданд.
Имрӯз дар доираи ин барнома дар муассисаҳои номбурда бо мақсади тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон чорабиниҳои зиёде анҷом дода мешаванд ва қисме аз ин чорабиниҳо, аз қабили “Маликаи хурдакак” ва бозии варзишии “Офарин” барои тарғибу ташвиқ аз телевизиони маҳаллӣ пахш мегарданд.
Яке аз роҳҳои инкишофи дониши кӯдакон дар марказҳо ин кор бо маводи хониш, махсусан, китоб ба ҳисоб меравад. Инро ба назар гирифта, дар назди марказҳо 42 китобхонаи хурд ташкил шуд. Онҳо бо 414 номгӯй китобҳои зарурӣ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин дар назди китобхонаҳои деҳот барои хонандагони хурдсол китобхонаҳои хурд амал мекунанд.
Дар ҷараёни фаъолияти муассисаҳои томактабӣ густариши равобити марказҳо ва волидайн хеле муҳим аст. Ба ин мақсад ДТМК барои падару модарон курсҳои омӯзишӣ созмон дода, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти тандурустии Оғохон дар ин самт дастурҳои зиёди методӣ таҳия намуд. Ҳамчунин шаш номгӯй китобчаҳо таҳия шуда, дар дасти чопанд.
Барои фаъолияти марказҳо ва васеъ намудани доираи фарогирии онҳо заминаҳои меъ-ёрии ҳуқуқии муайян фароҳам оварда шуда бошанд ҳам, ҳанӯз дар ин раванд камбудиҳои зиёде ҷой доранд, ки монеаи пешрафт мегарданд. Чунончи, бандҳои ҷудогонаи “Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят дар муҳлатҳои муайян иҷро нашуда истодаанд. Масалан, тибқи қарори раиси ВМКБ аз 16 ноябри соли 2011 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил намудани марказҳои инкишофи кӯдак вазифадор карда шуда бошанд ҳам, ҷиҳати нарасидани маблағ дар буҷети ноҳияҳо ва фаъ-олияти сусти шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Шуғнон таъсиси 5 - ададӣ маркази инкишофи барвақтии кӯдакон таъмин нагардид. Марказҳои ташкилгардида то ба имрӯз дар қайди давлатӣ нестанд ва ин имкон намедиҳад, ки муассисаҳо аз аттестатсия гузаранд. Ҳамчунин то ба ҳол ба омӯзгорони ин муассисаҳо пардохтҳо барои рухсатии меҳнатӣ, ҳомиладорӣ, варақаи корношоямӣ ва дигар самтҳои таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ кафолат дода намешаванд. Дар зери таъсири ин раванд аз кор рафтани кормандони марказҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Вале барои аз курси такмили ихтисос гузарондани омӯзгорони нав маблағи иловагӣ зарур мешавад, ки ёфтани он душвор ва баъзан ғайриимкон мегардад. Бинобар ин зарур аст, ки аз ҷониби масъулон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, фарогирии бештари кӯдакон ба марказҳо дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат, мутобиқати фаъолияти ин муассисаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Зеро марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар сароғози олами таълиму тарбия қарор доранд ва дар ташаккули шахсияти ҳар як фард саҳми босазо мегузоранд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.04.2015 №: 84 Мутолиа карданд: 2466