барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ НАЗДИКОНУ ПАЙВАНДОНИ ИЗЗАТУЛЛО ҲАЁЕВ
25 апрел дар иртибот ба вафоти Иззатулло Ҳаёев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шодравон изҳори ҳамдардии амиқ намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Марги абармард, чеҳраи шинохтаи арсаи сиёсат ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятиро бо андӯҳи зиёд дарёфтам.
Шодравон Иззатулло Ҳаёев давоми ҳаёту фаъолияти ибратбахшаш дар тарбияи кадрҳои болаёқат ва пешрафти кишвар саҳми босазо гузоштааст.
Аз даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки хонаи охираташ обод ва рӯҳаш шод бошад”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.2015 №: 86 Мутолиа карданд: 1454