барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ДЕМОКРАТИИ НЕПАЛ
27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Баран Ядав барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари заминларза дар кишвари Непал, ки боиси ҳалокати ҳазорон шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба халқи дӯсти Непал бо ин талафоти бузург баён намуда, ба наздикони ҳалокшудагон тасаллияти самимии хешро изҳор медорам.
Ба осебдидагон шифои комил орзумандам”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.04.2015 №: 87 Мутолиа карданд: 1371