маориф
НАҚШИ ДОНИШГОҲ ДАР РУШДИ ҶОМЕА
Имсол дар радифи 700 – солагии алломаи бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шудани шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин 70 – солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар донишгоҳ оид ба мавзӯи «Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тайёр намудани мутахассисон ва рушди ҷомеа» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс муҳаққиқони муассисахои таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Қабл аз оғози конфронс меҳмонон бо намоиши дастовардҳои илмию таҳқиқотӣ ва ихтирооту навоварии олимону муҳаққиқони донишгоҳ шинос шуданд.
Намоишгоҳро китобҳои дарсӣ, монографияҳо, асарҳои бадеию публисистии дар давраҳои гуногун таълифшуда ва матолиби илмии ба ифтихори солгарди донишгоҳ ба табъ расида зинат доданд. Бахусус, лавҳаҳои бозгӯ аз таърихи донишгоҳ ва инъикосгари рушди илму маорифи кишвар аз он шаҳодат медоданд, ки аҳли зиёи ин муассисаи таълимӣ ҷонибдори сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев оид ба зинаҳои тайнамудаи донишгоҳ дар тӯли 70 сол суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таҷлили 70 - солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, пеш аз ҳама аз таваҷҷуҳи хоса ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, бо дастгирии Президент, дар арафаи ҷашн дар донишгоҳ бинои 7 - ошёнаи маъмурию таълимӣ қомат афрохт. Ҷиҳати таъминоти техникӣ, баланд бардоштани шароити иқтисодии кормандон ва хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Нақши таълимгоҳ дар омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутахассисони дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвари азизамон ва берун аз он муассиру арзанда арзёбӣ гардид. Аз остонаи ин боргоҳи илму маърифат даҳҳо ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, шоирону нависандагон, кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳунармандону варзишгарон ба шоҳроҳи ҳаёт раҳнамун гардидаанд.
Устодон Самариддин Каримов, Ислом Ғуломов, Раҳматулло Акбаров, Салим Мирзоев, Ғоибназар Мирзоев, Грез Иброҳимов ва омӯзгорони дигари ин даргоҳи маърифат дар рушди илму ирфон хизматҳои шоён анҷом медиҳанд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва меҳмонон низ нақши кормандони донишгоҳро дар таҳкими амнияту субот ва ваҳдати комили кишвар, рушди иқтисодиёту фарҳанг ва пешрафту шукуфоии ҳамаҷонибаи давлати куҳанбунёду соҳибистиқлоли Тоҷикистон бесобиқа унвон карданд .
Академик Акбар Турсон перомуни нақши тоҷикон дар тамаддуни башарӣ, саҳми беандозаи муҳаққиқону пажӯҳишгарон ва суханварони миллати тамаддунпарвари тоҷик дар рушду нумӯи фарҳанг, ҷанбаҳои фаротаърихии фарҳангу маънавиёти тоҷикон сухан гуфт.
Ба кори бахшҳои конфронс академикҳо Акбар Турсон, Геннадий Михайлов, Қодир Қодиров, Сайдаҳмад Одинаев роҳбарӣ намуданд. Тайи ду рӯз дар бахшҳои соҳавии конфронс наздики 200 маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдрас менамоем, ин нахустин конфронси илмию назариявӣ дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷлили 70 - солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” буд. Ҳамчунин дар доираи ҷашн таҳияи энсиклопедия ва таърихи донишгоҳ, китоби хотираҳо, баргузории конфронс бахшида ба 70 - солагии Ғалаба бар фашизм, Форуми ихтироъкорони ҷавон, бозиҳои варзишӣ, бунёду барқарорсозии иншооти таъйиноти гуногуни маданию маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ низ тарҳрезӣ шудаанд.
Шарофат ХУДОЙДОДОВА,
муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.05.2015 №: 89 Мутолиа карданд: 1574