мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳои кишвар вохӯрд
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти устувор ва бонизоми бонкҳоро аз омилҳои асосии нигоҳдории суботи хоҷагии халқ ва низоми молиявии кишвар арзёбӣ намуд, аз ҷумла дар роҳи коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ.
Ин нукта дар машварати кории Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳои мамлакат оид ба натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар семоҳаи якуми соли равон изҳор гардид.
Дар ин машварат ҳамчунин мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, вазири молияи мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Оид ба вазъи имрӯза ва натиҷаҳои фаъолияти бонкҳо дар семоҳаи якум ҳисоботи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва роҳбарони бонкҳо шунида ва таҳлилу баррасӣ шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ба санаи 31 марти соли равон 121 ташкилоти қарзӣ ва 101 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият мекунанд. Онҳо дар маҳалҳо 167 филиал, 70 шӯъбаи амалиётӣ ва 502 оҷонсӣ доранд. Дар давоми соли 2008 ва се моҳи аввали соли 2009 шумораи бонкҳо 1 адад, ташкилотҳои маблағгузории хурд 31 адад ва филиалҳо 18 адад зиёд шудаанд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар семоҳаи якуми соли 2009 401,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 17,9 миллион сомонӣ ва ё 4,7 фоиз зиёд мебошад. Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ин давра 102,2 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,1 миллион сомонӣ ва ё 5,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар семоҳаи якуми соли равон шумораи қарзҳои хурди додашуда 80,1 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,6 ҳазор адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, қарзҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 28,2 ҳазор ададро ташкил намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,4 ҳазор адад зиёд аст.
Дар ахбори аксари роҳбарони бонкҳои саҳомӣ таъкид гардид, ки шумораи амонатгузорон ва ҳаҷми маблағҳои амонатҳои аҳолӣ дар онҳо рӯ ба афзоиш дорад ва инро нишона аз болоравии боварию эътимоди мардум ба бонкҳо маънидод карданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар се моҳи соли равон шумораи мизоҷони бонкҳо 355 ҳазор зиёд шуда, ба наздики 2,5 миллион нафар расид.
Дар баробари муваффақиятҳо ҳамчунин камбудиҳои мавҷуда зикр гардиданд, ки яке аз онҳо ба пуррагӣ барнагаштани қарзҳои пахтакорон аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки маблағҳои имсолаи аз буҷети давлат ба пахтакорон тавассути бонкҳо ҷудошаванда ба мӯҳлати якуним сол ва бо фоизи нисбатан пасттар дода шаванд.
Роҳбарони бонкҳои саҳомӣ ин иқдоми Сардори давлатро дар шароити имрӯза дастгирии пурарзишу саривақтӣ аз фаъолияти бонкҳо маънидод карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баҳри боз ҳам баланд бардоштани боварию эътимоди мардум ба бонкҳо як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.
Аз ҷумла даъват намуд, ки филиалҳои бонкҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо кушоянд, қарзҳоро ба соҳаҳои истеҳсолӣ афзун намоянд ва оид ба ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва муҳимтар аз ҳама пасттар кардани фоизи қарзҳо тадбирҳо андешанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2005