logo

маориф

ОМӮЗГОР БОЯД ХАТО НАКУНАД

 

Оғоз
Дар ин ҷаҳони пурталотум, ки ба ҷаҳонӣ шудани инсону инсонӣ шудани ҷаҳон таъбир менамоянд, бештари фарҳангҳо, хусусан фарҳангу арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд дар вартаи хатар қарор доранд. Кишварҳои бузургу пешрафта барои амалинамоии нақшаҳову бозиҳои геополитикии худ давлатҳои дигари хурдро ба бозӣ мекашанд ва аз бовару содагии онҳо суиистифода намуда, ҷавонони онҳоро қурбони хостаҳои носавоби худ мегардонанд. Маҳз дар ин гуна ҳолатҳои буҳронӣ миллатро фарзандони барӯманди он бо сиёсати созандаву ояндабинии нуктасанҷона метавонанд берун созанд. Воқеан, аз толеи баланди мардуми тоҷик аст, ки дар чунин марҳилаи ҳассос зимоми сарварии онро шахсияти дурандешу сиёсатмадори маорифпарвар бар дӯш дорад ва бо ҳидоятҳову роҳнамоиҳои худ мардумро ба сӯйи фардои неку созанда раҳнамун месозад.

Сарвари кишвар ва омӯзгор
Ростӣ, агар нафаре хоҳад то таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маорифу омӯзгор ба риштаи таҳрир кашад, ниёз ба навиштани ҷилд - ҷилд китоб дорад. Зеро дар мушкилтарин давроне, ки кишварро ҷанги хонамонсӯз фаро гирифтаву ба хотири касе ҳам маорифу масоили марбут ба он мурур намекард, Сарвари кишвар сарфи назар аз ҳама гирумонҳои дохиливу хориҷӣ ба беҳбуд бахшидани соҳаи маориф ва баланд бардоштани ҷойгоҳу манзалати омӯзгор таваҷҷуҳу ғамхории зиёду ҷиддӣ менамуданд. Маҳз самараи он ҳама таваҷҷуҳу ғамхориҳост, ки имрӯз омӯзгор дар ҷомеа аз манзалати волову ҷойгоҳи арзанда бархӯрдор аст ва ҳамчун меъмори миллату тарбиятгари насли ҷавон шинохтаву муаррифӣ мегардад.
Омӯзгор метавонад бо таълиму тадриси содиқонаву холисонаи худ насли ҷавонро дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намояд ва барои шогирдон дар доштани фазлу илм ва дар гуфтору рафтор намуна бошад. Аз ин ҷост, ки омӯзгор бо дарки масъулияти муҳими худ бояд ҳамеша дар омӯзишу пажӯҳиш бошад ва аз тозатарин навгониҳои ҷаҳони муосир иттилоъ дошта бошад ва ба назарногиртарин хатоие набояд роҳ диҳад, зеро «фитнаи олим фитнаи олам аст» ва як ҳарфи нодурусте, ки омӯзгор ба шогирд таълим медиҳад, аз нигоҳи равоншиносӣ метавонад боиси бадбахтии якумринаи шогирд гардад. Чунончи Сарвари кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расондани насли шоистаи даврон масъул аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад». Бори дигар Сарвари кишвар дар мулоқот бо зиёиёни кишвар аз нақши бемисли омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки: «…Ҷиҳати рушди Тоҷикистони азиз, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоянд. Дар ин самт мо, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон такя намуда, вазифаи онҳоро ба сифати равшанфикрони пешқадам дар дуруст ва самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебинем. Онҳо вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Махсусан, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд».
Воқеан, чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва иршоду роҳнамоии Сарвари кишвар бори дигар мо - омӯзгоронро водор мекунад, ки ба касби худ ифтихор намудаву беш аз пеш дарки масъулият намоем.

Сарвари кишвар ва тарбияи ҷавонон
Нуктаи дигаре, ки дар бештари суханрониву вохӯриҳои худ Сарвари кишвар ба он таъкид намудаву таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба он равона мекунанд, тарбияи насли ҷавон мебошад. Зеро фардои миллат бо ҳама арзишҳову муқаддасоти худ бастагӣ ба онҳо дорад, ба ин маъно, ки мондагорӣ ва ё ноустувории ҳар миллате вобаста ба ҷавонони он мебошад. Бо назардошти ин нукта, Сарвари кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки дар тарбияи насли ҷавон нафақат омӯзгор, балки падару модар ва ҳама ҷомеа масъуланд. Чунончи дар мулоқоти навбатӣ ба зиёиёни кишвар дар робита ба тарбияи ҷавонон фармуданд, ки: «…Ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбияро дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамаҷониба тарғиб намуда, тавассути се ниҳоди асосӣ - ҷомеа, мактаб ва оила ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро таъмин гардонанд.…Адибони моро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар ин рӯҳия тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда парчами озодӣ ва истиқлолиятро ҳамеша парафшон нигоҳ доранд».

Вазифаҳои панҷгона
Нуктаи ҷолиби дигаре, ки дар мулоқоти Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар таъкид шуд, ин иштироки онҳо дар татбиқ ва амалӣ намудани панҷ вазифаи муҳиму тақдирсоз мебошад: 1) ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор; 2) ба рушди бонизом ва воқеии илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмҳои бунёдиро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоянд ва ба хотири ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфи роҳу имкониятҳои нави рушди кишвар ва боз ҳам устувор намудани неруҳои зеҳнӣ саъю талоши бештар намоянд; 3) ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбияро дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамаҷониба тарғиб намуда, тавассути се ниҳоди асосӣ - ҷомеа, мактаб ва оила ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро таъмин гардонанд; 4) бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона фаъолона иштирок кунанд; 5) ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон тавассути воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти дастаҷамъона корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳифзи озодиҳои инсон бевосита саҳмгузорӣ намоянд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки татбиқи ин панҷ вазифа аз як тараф арзишҳои миллиро таҳким бахшида, барои ҳифзу посдории манфиатҳои халқу миллат чун ҷавшани рахнанопазир хидмат мекунад, аз тарафи дигар кишвари офтобиамонро аз нигоҳи дастовардҳои илмию техникӣ ва ҳамқадами замона будан дар қатори пешрафтатарин кишварҳо қарор медиҳад.

Анҷом
Барои мо - зиёиёни кишвар зарур аст, ки роҳнамоиҳо ва суханони Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмонро маҳаки кору фаъолияти худ қарор диҳем. Зеро татбиқи ин гуна иршодот ифодагари эҳсоси масъулият ва амалӣ кардани рисолати худ дар домани таърих мебошад. Ҷойи шакке нест, ки бо саъю кӯшиши худ дар амалӣ намудани ин панҷ роҳнамоӣ мо рисолати ба дӯш гирифтаи худ: эҳёву посдории арзишҳои миллии аҷдодӣ ва тарбияи дурусти парчамбардорону меросбарони ин миллатро адо менамоем ва аз худ дар имрӯзу фардои миллат ному неку саҳми арзандае мегузорем.
Абдусалом МИРАЛИЕВ,
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.05.2015    №: 89    Мутолиа карданд: 1442
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед