мулоқотҳо
ШВЕЙТСАРИЯ ШАРИКИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИТЪАИ АВРУПОСТ
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Томас Йордан, раиси Бонки миллии Швейтсария, ки 30 апрел дар Душанбе сурат гирифт, масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.
Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат зимни дидор Сарвари давлат аз ҳамкориву ҳамшарикии ду давлат изҳори қаноат карда, гуфтааст: «Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба он таваҷҷуҳи махсус дорем». Дар мулоқот ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баҳои баланд ва намояндагии ягона доштани Тоҷикистону Швейтсария дар шӯроҳои директорони иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор нишонаи возеҳи ҳамшарикии судбахш унвон шудааст.
Томас Йордан, раиси Бонки миллии Швейтсария, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯ бо Сарвари давлатро дар ҳузури хабарнигорон матраҳ намуд. - Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам ва аз зебоиҳои ин кишвар ба ваҷд омадам. Имкон даст дод, ки дар хиёбонҳои Душанбе қадам занам ва дар симои ин шаҳри дилоро дарёфтам, ки Тоҷикистон воқеан дар роҳи рушди босубот аст, - гуфт раиси Бонки миллии Швейтсария.
Томас Йордан изҳор дошт, ки дар суҳбат бо Президенти Тоҷикистон ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, бахусус равобити иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Мувофиқа ҳосил шуд, ки бо истифода аз имконоти ҳанӯз истифоданашуда, муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши гуногунҷанбаро таҳким бахшида, дар самти коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунии буҳрони иқтисодӣ талош варзем.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Швейтсария ба 480 миллион доллари амрикоӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2013 - ум 5,8 баробар зиёд аст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.05.2015 №: 89 Мутолиа карданд: 1513