фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Юсуфиён Ҷ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Юсуфиён Ҷамшед аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 майи соли 2015, № 479
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.05.2015 №: 91-92 Мутолиа карданд: 1525