сафарҳо
САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ МОСКВА
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.05.2015 №: 97-98 Мутолиа карданд: 6596