паёмҳо
Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба бар фашизм, шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2015
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Меҳмонони гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!
Рӯзи 9-уми май ба пирӯзии бузург бар фашизм 70 сол пур мешавад. Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад.
Дар он солҳои мудҳиш баробари ба сари қудрат омадани низоми фашистӣ аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳонро хатари маҳрумият аз озодиву истиқлолият таҳдид мекард. Вале дар натиҷаи муборизаи қотеонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардумони сайёра таъмин карда шуд. Ин аст, ки ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9-уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегиранд.
Дар ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи мову шумо дар остонаи 70-умин солгарди ин санаи таърихӣ қарор дорем, ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми сулҳхоҳу ваҳдатсози кишвари маҳбубамонро, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор истодагарӣ карда, барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзишманд гузоштаанд, самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони тоҷик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзумандам.
Дарвоқеъ, ноил шудан ба ғалабаи бузург натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи халқҳо ва намунаи набарди озодихоҳонаи халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан мебошад. Ин санаи фархунда то имрӯз бештар бо номи Ҷашни Зафар машҳур гардида, бо гузашти солҳо ва хусусан, вобаста ба густариши нооромиву бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра, аҳамияту арзиши он дар байни мардуми олам афзуда истодааст.
Ин санаи пурарзиши таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас ҳисобида мешавад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва аз асорату бадбахтӣ эмин нигоҳ доштани халқу миллатҳои собиқ шӯравӣ мебошад.
Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони набард сафарбар намуд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Вобаста ба ин, таъкид бояд кард, ки дар кишвари мо кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, ки доғи ин ҷанги хонумонсӯзу даҳшатнокро дар пайкари худ эҳсос накарда бошад.
Ҳукумати мамлакат ва хурду бузурги кишвар ҳамасола зимни таҷлили ин санаи таърихӣ аз афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшуда ёдоварӣ намуда, номи неки фарзандони шарафманди худро ба хотир меоранд ва гиромӣ медоранд.
Албатта, пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ҷонбозиҳо намудаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳукумати мамлакат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин ба онҳо ба таври доимӣ расонидани кумакҳои молиявӣ ва дигар ғамхориҳои иҷтимоиро вазифаи асосии худ ҳисобида, дар ин самт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Мо ҳамеша таъкид месозем, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи ибрати ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқи тоҷик дар роҳи рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи марзу буми он дастури зиндаи амал ба шумор меравад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ба ҷаҳониён бори дигар собит менамояд, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо омили асосии сулҳу субот ва бунёди рӯзгори орому осуда буда, танҳо бо саъю талоши якҷоя бар зидди неруҳои бадхоҳ истодагарӣ кардан мумкин аст.
Бахусус дар шароити ноором ва бисёр мураккаби имрӯза, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ бо мақсади тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии наслҳо ниҳоят муҳим мебошад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чун сипари боэътимоди мамлакат бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падару бобоёни хеш дар муҳорибаҳои шадиди Ҷанги дуюми ҷаҳон барои ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагии орому осудаи сокинон ҳамеша омодаанд.
Ҳамзамон бо ин, давлату Ҳукумати кишвар собиқадорони ҷангу меҳнат, пирони рӯзгордида, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробонро минбаъд низ таҳти ғамхорӣ қарор медиҳад. Бо вуҷуди ин, бори дигар таъкид месозам, ки нигоҳубин ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ барои онҳо вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, ҳамаи фаъолон, инчунин соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд мебошад.
Ҳамватанони азиз!
9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Мо имрӯз чун солҳои пешин дар назди хотираи тамоми қурбониёни ин ҷанги хонумонсӯз сари таъзим фуруд меорем.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.
Бори дигар тамоми собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори 70 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва барои Тоҷикистони азизамон ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва сулҳу суботи ҳамешагӣ орзу менамоям.
Ҷашни зафар муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.05.2015 №: 97-98 Мутолиа карданд: 13415