маориф
Стипендияҳои «Дурахшандагон» ва «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис ёфтанд
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки «бо мақсади ба раванди ислоҳот ҳамоҳанг намудани мазмуни таҳсилот Стандарти нави таҳсилоти умумӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид.
Иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейу гимназияҳо ва натиҷаҳои он дар озмунҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шаҳодати болоравии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад».
Вазир вобаста ба пурсиши хабарнигорон иброз дошт, ки норасоии омӯзгорон се сол пеш 8881 нафарро ташкил медод. Ин нишондиҳанда дар соли нави хониш коҳиш ёфта ба 3209 нафар расидааст.
Дар мавриди китобҳои дарсӣ бошад, то ба имрӯз 194 номгӯй барои синфҳои 1-11 чоп ва дастраси хонандагон гардонида шудааст. Дар семоҳаи аввали соли равон 8 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 480126 нусха нашр гардидааст. Китобҳои дарсӣ аз забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва арабӣ барои синфҳои 5-11 то моҳи сентябри соли равон ба табъ мерасанд.
Омӯзиши хати ниёгон дар синфҳои 8-11 идома меёбад ва барои онҳо китобҳои «Матнҳои адабӣ»-ро омода ва ба дасти чоп месупоранд.
Вазир ҳамчунин дар посух ба пурсиши рӯзноманигорон гуфт, ки бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба тасвиб расидааст. Барои стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7678