мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон
бо Луиш Амаду
16 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Португалия Луиш Амадуро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои аврупоиву Паймони Атлантикаи Шимолӣ ва густариши робитаҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Аз сатҳ ва мазмуни робитаҳои бисёрҷониба, ки дар доираи Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ оид ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Вазири корҳои хориҷии Португалия изҳор дошт, ки «муносибот бо Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои умумии кишварҳои Аврупо оид ба Афғонистон бисёр муҳиманд, зеро нақши он дар мусоидат ба нерӯҳои эътилофии посдори сулҳ ва ҳам ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвари азияткашида фавқулодда муҳим аст».
Луиш Амаду ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни Тоҷикистон ва саҳми бевоситаи ӯ дар ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон арзи сипос намуд.
Оид ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия таъкид гардид, ки онҳо дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор доранд, вале имкону захираҳо барои таҳкиму густариши ҳамкориҳо зиёданд.
Вуҷуди захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва сарватҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва техникаю технологияҳои пешқадаму имконоти васеи сармоягузорӣ дар Португалия заминаи хуб барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ маънидод гардид.
Мусоҳибон ҳамфикрӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ҳар ду кишвар дар марҳилаи кунунӣ бояд бо имкону захираҳои ҳамдигар хуб ошно шаванд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба авзои минтақаи Осиёи Марказӣ ва имконоти рушди ҳамкории минтақавӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1936