энергетика
СУҒД: ЧАРО БАРҚ ҚАТЪ МЕГАРДАД?
Бе огоҳӣ қатъ кардани неруи барқ, пасту баландшавии шиддати он фаъолияти муътадили пойгоҳҳои обкашӣ, корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро халалдор сохта, боиси аз кор баромадани муҳаррикҳои нодир, таҷҳизоти корхонаҳо гардид ва дар мавсими киштукори баҳорӣ ба кишоварзон душворӣ овард ва ба ташкилоту корхонаҳо зарари ҷиддии молиявӣ расонд.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим машварат оид ба баррасии масоили мубрами рӯз – вазъи фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар мавсими киштукори баҳорӣ, таъминот бо қувваи барқ, ҷараёни истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, аз ҷумла тез-тез рух додани ҳолати қатъи қувваи барқ аз ҷониби масъулони Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик» ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ баррасӣ ва таҳлил гашт.
- Дар як моҳ 16 маротиба барқ қатъ шуда, боиси шикасти қисмҳои зарурии муҳаррикӣ гардид, - мегӯяд Зарифҷон Вализода, - сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, - якбора ва ё беогоҳӣ қатъ кардани қувваи барқ ба пойгоҳҳои обкашӣ аз лиҳози техникӣ ва молиявӣ оқибатҳои гарон меоварад. Дар сурати беогоҳӣ қатъ кардани барқ миқдори зиёди оби дар лӯлаҳо мавҷуда якбора бозпас гашта, сабаби аз кор баромадани қисмҳои зиёди муҳаррик мегардад ва зарур меояд, ки мутахассисон дар он лаҳзаҳое, ки ба кишоварзон об зарур аст, аз паси таъмир шаванд, ки, албатта, ин вақт талаб мекунад. Соли гузашта танҳо бо ҳамин ҷурм Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ дид. Маълум аст, ки зироатҳои навоҳии Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров сад дар сад ва навоҳии Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен қисман тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. Аз ин хотир дар муҳлати муайяншудаи агротехникӣ анҷом додани кишти баҳорӣ ба фаъолияти муназзами таҷҳизоти обкашӣ вобастагӣ дорад.
Роҳбарони чандин корхонаҳои саноатии вилоят низ аз муътадил таъмин нагаштани неруи барқ ва ҳолатҳои беогоҳӣ хомӯш кардани барқ изҳори нигаронӣ доштанд. Аз ҷумла Ҷамшед Каримов, директори корхонаи «Олими Каримзод», воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, иброз дошт, ки хомӯшшавии ғайриинтизори барқ боиси аз кор баромадани дастгоҳҳои гаронарзиш мешаванд.
Дар ин коргоҳ низ фақат дар як моҳи охир 17 ҳолати беогоҳӣ хомӯш шудани неруи барқ мушоҳида шудааст.
Муовини аввали Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим масъулонро ба мувофиқаи комил дар кори байниидоравӣ даъват карда, ҷиҳати ислоҳи ноҷӯриҳо дастури мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2015 №: 101 Мутолиа карданд: 13703