logo

маориф

Барномаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ амалӣ мешавад

Ҳамасола Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани фаъолияти мо дастурҳои муфид медиҳад.
Сардори давлат дар баробари дарку пешниҳоду таҳлили масъалаҳои мубрами соҳа роҳҳои ҳалли онҳоро низ муайян мекунанд. Инчунин барои рафъи норасоиҳои мавҷуда ва болоравии сифати таълим бештар аз пештар ғамхорӣ ва дастгирӣ менамоянд.  Аз ҷумла, дар соли равон ба ин соҳа 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба панҷ соли охир 4 баробар зиёд аст.
Аз масъалаҳои нигаронкунандае, ки дар ҳалли он мо оҷиз меомадем, ин ба таҳсил фаро гирифтани духтарон баъд аз хатми синфи 9 буд. Чаро? Чунки вобаста ба қонунгузориҳои кишвар таҳсили пас аз он ҳатмӣ набуд. Бархе аз волидон ба ин асос монеи идомаи таҳсили духтарон мегардиданд. Дар натиҷа бисёре аз духтарони соҳибистеъдоди миллат имкони гирифтани маълумоти олии касбиро аз даст медоданд. Аз ҷумла соли гузашта 24 ҳазор нафар аз таълим дар канор монд. Аз чунин ҳолат гурӯҳе аз волидон суиистифода намуда, духтаронашонро барвақт аз синни муқарраршуда ба шавҳар медоданд. Дар ин ҳол магар тарбияи дурусту солими фарзандони миллатро интизор шудан мумкин аст? Албатта, рафъи андак зарари дур аз маърифат мондан басо мушкилу вақти зиёдро хостор мебошад.
Вобаста ба ин мушкилоти мавҷуда Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки аз моҳи сентябри соли 2010 ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола замина фароҳам оварда шавад.
Маълум аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст мавҷуд аст. Аммо бояд ёдовар шуд, ки соли гузашта Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015 қабул гардидааст. Дар доираи он беш аз 800 мактаб бунёду таъмир ва азнавсозӣ мешавад. Дар баробари ин Сардори давлат раисони вилояту шаҳру ноҳияҳои кишварро вазифадор карданд, ки дар бунёду таъмиру азнавсозии мактабҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда саҳми муносиб бигиранд. Яъне мушкилот дар солҳои наздик рафъ мегардад.
Президенти мамлакат инчунин моро вазифадор намуданд, ки нерӯву имконоти худро ба тавсеа ва инкишофи илмҳои техникӣ ва риёзӣ равона намоем, то заминаи такомули шуури техникӣ ва иқтисодии ҷомеа фароҳам оварда шавад. Ба ин мақсад Барномаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ барои солҳои 2010-2020 омода ва мавриди амал қарор мегирад.
Ба ҷуз ин аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки хонандагону толибилмонро ба корҳои мавсимӣ сафарбар менамоянд ва ин ба болоравии  сифати таълим монеа эҷод мекунад.
Дуруст аст, ки бо вуҷуди ғамхориҳои зиёд, фароҳам овардани имконот ҳанӯз ҳам сатҳу сифати таълим, донишандӯзӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ҷавобгӯи талаботи давр нест.
Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҳама муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор мегирад. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дастуру супоришҳои Сардори давлат сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гарданд.

Абдуҷаббор РАҲМОНОВ,
вазири маорифи ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6233
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед