порлумон
Ш. ЗУҲУРОВ: «ҲЕҶ ЧИЗ АЗ ҲАЁТИ ИНСОН ВОЛОТАР НЕСТ»
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, доир шуд, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовинҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намудани Сироҷиддин Икромов, Умед Латифов, Лола Салимова аз тарафи вакилон тасдиқ гардид.
Муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба саволҳои вакилон ҷавобҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла Лола Салимова иброз дошт, ки айни ҳол 80 дарсади муомилот дар ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ сурат мегирад. Ба андешаи мавсуф кам кардани гардиши муомилоти нақдӣ ва зиёд намудани ғайринақдӣ ба паст шудани таваррум мусоидат мекунад.
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ба тасвиб расидани Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон иброз дошт, ки он 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, мақсадаш ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароит барои адо намудани қисми боқимондаи ҷазо дар ватани худ мебошад. То имрӯз Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва бо кишварҳои аъзои ИДМ шартномаҳои дуҷониба оид ба бозпас овардани маҳкумшудагонро ба имзо расондааст.
Ба гуфтаи мавсуф, айни ҳол дар Ҷумҳурии Халқии Хитой 16 нафар шаҳрванди Тоҷикистон - 9 мард ва 7 зан бо гуноҳи даст доштан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шудаанд. Аз ин шумора 3 зан ва 1 мард ба ҷазои қатл, 5 нафар ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ва боқимонда ба муҳлатҳои гуногун маҳкум гардидаанд. Дар Тоҷикистон бошад 3 шаҳрванди Хитой – яке бо гуноҳи таҷовуз ба номус, дигаре расондани зарар ба саломатӣ ва савумӣ бо доштани муносибати ғайриқонунӣ ба маводи нашъаовар маҳкум шудаанд. Шартномаи мазкур дар қисмати бозпас овардани маҳбусон ва адои минбаъдаи ҷазо дар қаламрави Тоҷикистон хароҷотро талаб менамояд, ки онро маҳбус ва ё хешовандони ӯ метавонанд пардохт намоянд. Бозпас овардан ва додани шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар асоси розигии хаттии маҳбус сурат мегирад. Баъди бозпас овардани маҳбус ҳукми суди як тараф ба қонунгузории кишвар бо ба инобат гирифтани хусусият ва давомнокии суди кишвари дигар мутобиқ гардонда мешавад. Мавсуф ба пурсиши вакилон дар мавриди бозпас гардондани онҳое, ки ба қатл маҳкум шудаанд, иброз дошт, ки азбаски дар Тоҷикистон нисбат ба ҳукми қатл моратория эълон шудааст, бинобар ин ба онҳо ҷазои мутобиқ татбиқ мешавад.
Назар ба гуфтаи Прокурори генералӣ, ҳоло беш аз 7700 шаҳрванди Тоҷикистон дар Федератсияи Русия адои ҷазо мекунанд ва имконияти бозпас овардани ҳамаи онҳо нест. Ҳар сол аз 50 то 100 нафар маҳбус бозпас гардонда мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки ҳеҷ чиз аз ҳаёти инсон волотар нест, бинобар ин, ниҳодҳои марбута барои ҳарчи зудтар бозпас гардондани маҳбусони ба қатл маҳкумшуда кӯшиш намоянд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни ба тасвиб расидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» гуфт, ки он ба мақсади муайян намудани тартиби аз гардиш гирифтан ва ҷуброни маблағҳои силоҳи оташфишони бемили зарбаш маҳдуд - тапончаҳо, револверҳо ва патронҳои ҷаро-ҳатрасон, ки шаҳрвандон то манъ намудани гардиши онҳо бо қонуни мазкур дар ихтиёри худ доранд, иборат мебошад. Мавсуф зикр кард, ки 26 июни соли 2014 ба моддаи 9 қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ки тибқи он гардиши силоҳҳои номбаршуда манъ гардидааст.
Айни замон, пеш аз ворид намудани ин тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур истифодаи 319 адад тапонча, револвер ва патронҳои ҷароҳатрасон, ки дар ихтиёри шаҳрвандон аст, манъ шудааст.
Ғайр аз ин, 16 тапончаи газӣ бо патронҳои ҷароҳатрасон аз шаҳрвандон мусодира гардидааст. Бо сабаби набудани низомномаи дахлдор минбаъд истифода бурдани ин силоҳҳо ва пардохти маблағи онҳо муайян нашудааст.
Бинобар ин тибқи тағйирот тартиби аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии онҳоро Вазорати корҳои дохилӣ ва тартиби ҷуброн кардани силоҳи қайдшударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2015 №: 106 Мутолиа карданд: 2238