logo

маориф

ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ: ПЕШРАВӢ ВА МОНЕАҲО

Таъмини соҳаҳои гуногуни кишвар бо мутахассисони соҳибихтисос ва ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат маҳз аз зинаи таҳсилоти иловагӣ оғоз гардида, дар сурати роҳандозии дуруст он метавонад саҳми назаррас ба инкишофи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат гузорад.
Соли гузашта Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Дониёрқули ноҳияи Бохтар қайд намуд, ки “таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии донишандӯзӣ ва интихоби касб маҳсуб ёфта, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон ва наврасону ҷавонон, қонеъ гардондани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шудааст, ки дониши хонандагонро пурра намуда, барои интихоби дурусти касб замина мегузорад”.
Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани ин зинаи таҳсилот Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ (МҶМТИ) дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Директори МҶТМИ Холмаҳмад Холназаров зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома ба фаъолияти марказ рӯшанӣ андохт.

- Холмаҳмад Дӯстович, таҳсилоти иловагӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ҷузъи таркибии низоми таҳсилот муаррифӣ шудааст. Ин қонун ба фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чӣ асаре дорад?
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ба инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодии наврасон, қонеъгардонии рағбату эҳтиёҷоти маънавӣ, талаботи онҳо ба интихоб ва касбомӯзӣ ҳангоми фориғ аз таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад. Гирифтани таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии намудҳои муассисаҳо ва фаъолият асос ёфта, бо розигии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳо ва фондҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардонида мешавад. Айни замон, дар миқёси ҷумҳурӣ 83 маркази таҳсилоти иловагӣ бо фарогирии 1411 маҳфил ва 48646 нафар аъзо амал мекунад.
Тибқи маълумоти омории марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 73 маҳфили сайёҳӣ - кишваршиносӣ, 100 - табиатшиносони наврас, 186 - эҷодиёти техникӣ, 110 - варзишӣ, 511 - эҷодии бадеӣ ва 367 маҳфилҳои дигар фаъолият доранд, ки дар омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ, ташаккули шахсият ва маърифати экологии наврасон нақши муҳим мегузоранд.
Дар маҳфилҳо мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳои рассомон, донандагони фанни технологияи компютерӣ, боздид аз осорхонаҳои давлатӣ, вохӯрӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони меҳнат хуб ба роҳ монда шудааст. Таваҷҷуҳи хонандагон ба маҳфилҳои “Автоматика”, “Техникҳои ҷавон”, “Конструкторони ҷавон”, “Авиамоделчиёни ҷавон”, “Картинг” торафт меафзояд. Дар ин маҳфилҳо бачаҳои ихтироъкору навовар кам нестанд. Онҳо дар озмунҳои гуногуни техникӣ, аз ҷумла озмуни “Бозёфт”-и Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасони “Баҳористон” ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.
Чорабиниҳои идона бахшида ба солгарди Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар маҳфилҳо рангину шавқовар гузаштанд. Аъзои маҳфилҳои «Хониши бадеӣ», «Забони русӣ», «Забони англисӣ», «Омӯзиши компютер», «Дӯзандагӣ», «Овозхонӣ»-и марказ барномаҳои рангини консертиро бо ҳаҷву саҳначаҳо ва шеъру суруд дар васфи Ватан намоиш доданд.
Имсол бо ибтикори марказ форуми ҷумҳуриявии эколог-ҳои наврас, слёти сайёҳон-кишваршиносон, сессияи хурди Академияи илмҳо ва бо мутасаддиёни истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакону наврасон, роҳбарону мушовирони муассисаҳои таҳси-лоти иловагӣ семинарҳо баргузор гардиданд.
Шӯрои сайёри созмони талабагӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Файзобод озмунҳои “Тирамоҳи заррин” ва “Беҳтарин нишонзан” байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ-таълимӣ баргузор намуд. Хусусан, фаъолияти хуби марказҳои таҳсилоти иловагии вилоятии ВМКБ, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Конибодом, Кӯлоб, Хуҷанд, ноҳияҳои Файзобод, Бобоҷон Ғафуров қобили қайд аст.

- Таҳсилоти иловагӣ, ки тибқи гузориши шумо бо мутахассисони кордон таъмин мебошад, дар ҳалли кадом мушкилот ба дастгирӣ низ дорад?
- Кормандони марказ дар рафти санҷиши фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҷараёни машғулиятҳо, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, сметаи хароҷоти муассисаҳои номбурда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Санҷиш маълум кард, ки дар фаъолияти баъзе роҳбарони маҳфилҳо усулҳои муосири таълим истифода намешаванд. Робитаи роҳбарони маҳфилҳо бо оилаҳо суст буда, вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаҳои гуногун нисбатан кам доир мегарданд. На дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ рамзҳои созмон, аз ҷумла нишонҳои сарисинагӣ, нақора, шайпур, гарданбанд, парчами созмон мавҷуданд.
Бештари ин маҳфилҳо ба сабаби суст будани заминаи моддии марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар заминаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Панҷакент, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ғончӣ, Ҳуҷанд, Чкалов, Исфара, Қайроққуми вилояти Суғд маҳфилҳои «Экологҳои ҷавон», «Гулпарварӣ», «Табиатдӯстони ҷавон», «Парандапарварӣ» дар заминаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият намоянд ҳам, синфхонаҳо бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз нашуданд.
Дар вилояти Суғд аз 9 маркази санҷидашуда сетои он бинои худро надорад (Спитамен, Ғончӣ, Истаравшан). Заминаи моддию техникии ин муассисаҳо (хусусан муассисаҳои ноҳияҳои Шаҳристон ва Ҷаббор Расулов) ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Таҷҳизот, мебел ва дигар ҷиҳозҳо хеле куҳна мебошанд. Вазъияти муассисаи шаҳри Хуҷанд нисбат ба дигар муассисаҳо беҳтар аст. Дар таъминоти кадрҳо камбудӣ надорад ва шумораи маҳфилҳо ва аъзои онҳо хеле зиёд мебошад. Тақсимоти вазифаҳои асосӣ дар ин муассисаҳо нодуруст ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои мазкур на ҳамаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро доранд. Ягонтааш аз аккредитатсия ва қайди давлатӣ нагузаштааст. Шуъбаҳои маориф роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагиро бо ҳуҷҷатҳои сметавӣ шинос намекунанд, маблағҳоро нодуруст нишон медиҳанд.
Дар вилояти Хатлон аз 6 маркази санҷидашуда, танҳо маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Қубодиён дорои бино ва суратҳисоби алоҳида мебошад. Шуъбаҳои молия ва маориф хилофи қонунгузории молиявӣ фаъолияти 80 маҳфили марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Носири Хусрав, Восеъ ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро қатъ карда, онҳоро ба ихтиёри сохторҳои навташкили маориф гузаронданд. Дар ноҳияҳои водии Рашт марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар заминаи мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ (ноҳияи Нуробод), миёнаи умумӣ ва шуъбаи маориф (ноҳияи Ҷиргатол) ҷойгир шуданд. Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Рашт то ҳол суратҳисоб надорад. Тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва нақшаи корӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Муассиса аз аттестатсияи давлатӣ нагузаштааст, оиннома надорад. 
Айни ҳол аз 83 муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар ҷумҳурӣ 28-тоаш бинои алоҳидаи худро надорад. Сабаби асосии ин камбудӣ ба дигар ташкилотҳо ё шахсони воқеӣ дода ё фурӯхта шудани аксарияти биноҳои онҳо мебошад. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ вазъияти мазкурро ба инобат гирифта, дар арафаи соли равон ба унвони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мактубҳои расмӣ ирсол намуд.
 
 - Як самти фаъолияти марказ расондани ёрии методӣ ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мебошад...
 -Бале. Инкишофи бомуваффақияти низоми таҳсилоти иловагии кӯдакон бидуни таҳияи назария ва методикаи он ғайриимкон аст.
Фаъолияти методии муассисаи таҳсилоти иловагӣ ин системаи чораҳои мақсаднок аст, ки ба дастовардҳои илму таҷриба асос ёфта, барои инкишофи ҳаматарафаи зарфияти омӯзгор, баланд бардоштани сифат ва самаранокии ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи баланди маълумот, тарбия ва инкишофи таълимгирандагон равона шудааст.
Фаъолияти методӣ аз паҳлуҳои касбии фаъолияти мушовир, аз ҷумла фаъолияти педагогӣ, ташкилӣ - оммавӣ ба шумор меравад. Он пеш аз ҳама дар худ омӯзиши назария, методика ва амалияи таҳсилоти иловагии кӯдакону наврасон ва коркарди методикаи амалӣ намудан ва таҳлили ҷараёни таълимиро дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ пешбинӣ мекунад. Ҳар чорабиние, ки аз тарафи марказ гузаронда мешавад, ба рушди қобилияту истеъдоди таълимгирандагон, қонеъ гардондани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо, инчунин баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мусоидат мекунад.  Бинобар ин, дар марказ ба методи баргузории машғулиятҳо таваҷҷуҳ зиёд аст. Айни замон ба ёрии роҳбарони маҳфилҳои равияи экологӣ ва омӯзгорон якчанд дастуру маводи методӣ, аз қабили “Маълумоти экологӣ ва маълумот барои рушди устувор” , “Роҳбари маҳфил”, барномаҳои маҳфилҳои “Гиёҳҳои шифобахш” ва “Экологи ҷавон” таҳия гардида, ба чоп омода шудаанд.

Мусоҳиб Эмоми НАЗАРИЁН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2015    №: 107    Мутолиа карданд: 2028
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед