мулоқотҳо
ИВАНОВО ҲАМКОРИҲОЯШРО БО ХАТЛОН ТАВСЕА МЕБАХШАД
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 май Павел Конков, губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, бахусус робитаҳои байниминтақаии ду кишвар баррасӣ шуд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда, аз ҷумла зикр намудааст, ки «Федератсияи Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст, зеро айни ҳол наздики 50 дарсади сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд».
Ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкориҳои вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ивановои Русия изҳори хушбинӣ намуда, тавсеаи равобит дар бахшҳои гуногунро ба манфиати тарафҳо донистанд. Дар ҳамин ҳол, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои муосир, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, назири пахта, меваю сабзавот таваҷҷуҳ зоҳир гардида, перомуни муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ гуфтугӯи судманд сурат гирифтааст.
Павел Конков, губернатори вилояти Иваново, баъд аз мулоқот бо Президенти мамлакат бо тасдиқи ин нуктаҳо дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки феълан мо рӯи барномаҳое тафаққуф дорем, ки заминаҳои нави ҳамкориро фароҳам хоҳанд кард. Ӯ гуфт, ки вилояти Ивановои Федератсияи Русия ҳамчун минтақаи саноатӣ, бахусус истеҳсолгари маҳсулоти нассоҷӣ бо минтақаҳои Тоҷикистон собиқаи тӯлонии ҳамкорӣ дорад ва тавсеаи равобит дар ҳама бахшҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
- Вилояти Иваново 70 дарсади эҳтиёҷоти Русияро бо молҳои нассоҷӣ бароварда месозад, ки дар ин замина мо аз пахтаи Тоҷикистону Қирғизистон истифода мекунем. Мо ҳавасманди густариши ҳамкориҳои минтақаӣ ҳастем. Ба ин манзур созишномаи вижаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон ба тасвиб расонда, қарор аст, бо вилояти Суғд низ чунин як созишнома ба имзо расад, - гуфт Павел Конков.
Губернатори вилояти Иваново дар мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин хостори вусъати ҳамкориҳои бештар дар бахши илму фарҳанг шудааст. Тавре ӯ иттилоъ дод, дар вилояти Иваново 6 муассисаи таҳсилоти олӣ амал карда, беш аз 400 донишҷӯи тоҷик низ дар онҳо таҳсил мекунанд ва имкон дорад, ки ин шумора дар оянда афзунтар гардад.
Густариши равобит бо вилояти Иваново дар ҳолест, ки то кунун миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия беш аз 70 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.05.2015 №: 108 Мутолиа карданд: 1431