logo

илм

ЧАРО ҶОМЕАИ МО БА МАНТИҚ КАМ РАҒБАТ ДОРАД?

Мантиқ яке аз заруртарин илмест (мисли забону адабиёт, таърих, риёзӣ, ҳандаса ва ғайра), ки бидуни омӯзишу донистани он зиндагии солиму ҳаррӯзаи мо тасаввурнопазир аст. Мантиқ пеш аз ҳама илм дар бораи шаклҳо ва қонуну қоидаҳои дуруст фикр кардан аст. Одамонро на илми мантиқ, балки эҳсосот (инстинктҳо) идора мекунад. Агар одамон дар гуфтору рафтори худ на ба эҳсосот, балки ба мизони ақлу мантиқ такя мекарданд, бисёре аз низову ҷангу ҷидолҳо рух намедоданд. Мантиқ як қисми бисёр муҳими риёзӣ (математика) аст ва ҳатто метавон гуфт, ки асоси он ба шумор меояд.
Мантиқ ба мо барои дуруст сохтани афкор ва баён намудани он, бовар кунонидани дигарон ва беҳтар фаҳмидани мусоҳиб, фаҳмондан ва нуктаи назари худро маъқул кунонидан, дар муҳокимаву мулоҳизаҳо ва мунозираҳо ба иштибоҳ роҳ надодан ва ғайра ёрӣ мерасонад. Ҳар як нафари мо бисёр хуб медонем, ки аз рӯи моҳияту маънӣ афкори инсон беандоза гуногунранг аст, масалан, тафаккур дар бораи пайдоиши ҳастӣ, дар бораи гузашта, ҳозира ва ояндаи инсон, дар бораи китоби ба тозагӣ хондашуда, филми тамошогардида, дар бораи дарсҳо, меҳнату истироҳат ва садҳо, ҳазорҳо фикрҳои дигар. Вале аз ҳама муҳим он аст, ки афкори мо ҳар чи қадар бешумор бошад ҳам, аз рӯи қонуни ягона пайдову ташкил мешаванд, ба ягона усул тобеъ ҳастанд, дар шаклу чаҳорчӯбаи ягона ҷойгир мешаванд. Агар моҳияту мундариҷаи афкори мо гуногунранг бошад, шаклҳое, ки тавассути он ин гуногунрангӣ баён мегарданд, тамоман ангуштшуморанд.
Қобилияти ба низому тартиби дуруст даровардани афкор, кору фаъолияти ҳаррӯзаи хешро на ҳар кас дорад ва чунин қобилиятро доштан нишонгари доштани ақлу ирода ва ҳунари барҷастаи инсон мебошад, ки дар самаранокии ҳаёти фард нақши ҳалкунандаро мебозад. Маҳз илми мантиқ ва донистану ба кор гирифтани қонуну қоидаҳои он ба мо он механизмеро меомӯзонад, ки тавассути он мо метавонем дар худ қобилияти дуруст ба низом даровардани афкор ва кору фаъолияти хешро сайқал диҳем ва ҳаргиз дучори душворию раҳгумиҳо нашавем. Зеро низом асоси зиндагии солими тамоми соҳоти ҷомеа ва ҳар як фард мебошад ва тамоми бурду бохтҳои мо аз чи андоза ба роҳ мондани тартибот вобаста аст. Мисол: «Дар китобхонаи бузурге, ки дар он тартибу низом нест, китоби дилхоҳро дастрас кардан бисёр мушкил аст. Низому тартиб – ин қобилияти истифодаи дурусти имкониятҳо аст. Мантиқ ба мо асоси низому тартибро омӯзонида, корбаст намудани донишҳои дар гузашта касбкардаамонро ёд медиҳад, то ин ки масоили нав ба нави дар пеш истодаро битавонем ҳал намоем ва донишҳои тозае ба даст дарорем. 
Мантиқ пеш аз ҳама як бахши бисёр муҳими фалсафа мебошад, ки бидуни донистани он ҳеҷ як донишманд наметавонад худро файласуф, ҳаким ва донишманд номад. 
Мантиқ илмест, ки шаклҳо, роҳу усулҳо ва қонуну қоидаҳои дарки фаъолияти зеҳнию ақлониро меомӯзад, ки барои шинохти ин ё он равандҳо зарур аст. Он барои омӯхтани равандҳо ва ашёҳои гуногун кумак карда, ба донишҳое, ки пештар касб шуда буданд, такя мекунад. Бо роҳи ҷамъоварии додаҳо аз сарчашмаҳои гуногун, мо метавонем мулоҳизакорона назарияҳои гуногунро пешниҳод намоем ва дар айни ҳол ба моҳияти бунёди ашёҳо сарфаҳм равем.
Шиносоӣ бо илми мантиқ дар шахс зина ба зина қобилияту одати амиқу дақиқ таҳлилсозии андеша, муҳокимаву мулоҳизаи худ ва дигаронро ташаккул медиҳад.
Мантиқ моро мусаллаҳ бо воситаҳое месозад, ки тавассути он мо метавонем дар муҳокимаву мулоҳизаҳо ва мунозираҳо хатоҳоро дарёфт намоем, дақиқ нишон бидиҳем ва аз байн бубарем. Мантиқ ба мо кумак мекунад, ки аз авомфиребии дигарон эмин бошем, аз сафсатагӯӣ худро дур нигоҳ дорем, дар доми «ширинсуханӣ» - и қаллоб, козибону фиребгарон наафтем.
Мантиқ ба мо ҳунари дуруст баҳс карданро меомӯзонад. Зеро ҳамарӯза чи дар оила, чи бо дӯстону рафиқон ва чи дар фаъолияти меҳнатиамон бо ҳар сабабе вориди баҳс мешавем. Агар мантиқро надонем аз уҳдаи дуруст баҳс кардан низ намебароем, албатта, оқибати баҳси мо ба низову нифоқ ва ҷангу ҷанҷол табдил меёбад. Аммо бо донистани мантиқ ва шиносоӣ бо тамоми қонуну қоидаҳои он, мо метавонем дуруст ақидаҳои худро ба дигарон маъқул кунонем, ақидаву эътиқоди иштибоҳомези онҳоро нишон диҳем, нуқтаи созишу гузашти ҳамдигарро дарёбем, услубу равиши беинсофонаю бевиҷдононаи фиребгаронро фош созем ва бад-ин васила эҳтироми аҳли хирадро касб намоем.
Ғайр аз ин, мантиқ ба мо одати бисёр хуби дуруст андешиданро меомӯзонад. Ҳаёти пурҷӯшу хурӯши муосир моро водор месозад, ки бисёр донем. Аз ин рӯ, низоми имрӯзии макотиби таҳсилоти олии касбӣ ва миёна чунон ба роҳ монда шудааст, ки донишҷӯёну хонандагон маҷбуранд иттилооти ниҳоят бисёреро дар хотир бигиранд. Аммо, мутаассифона, ба онҳо тарзҳо ва воситаҳои фикр кардан, андеша намуданро намеомӯзонанд ва ба инкишофи ин гавҳари пурқимати инсонӣ мусоидат наменамоянд. Бино бар ин, бисёрии донишҷӯёну талабаҳо андеша карданро дӯст намедоранд ва наметавонанд. Ба ҷои он ки андеша намоем ва роҳи ҳалли дурусти дилхоҳ масъаларо ёбем, одатан мо ба андешаи тайёри дигарон такя мекунем ва ҷоҳилу коҳил мешавем, ки он оҳиста - оҳиста табиати мо хоҳад шуд. Аз ин рӯ, аксари донишҷӯёну донишмандони мо аз омӯзиши амиқи илми мантиқ дуранд. Албатта, андешидан кори саҳл нест, тафаккури бошиддат он андоза қуввати касро талаб мекунад, ки ҳамон андоза ангишткан ё оҳангар сарф менамояд. Аммо андешидан ниҳоят зарур аст. Агар мо намехоҳем, ки бозичаи дасти дигарон бошем, бояд андешиданро, аниқтараш дуруст андешиданро ёд гирем. Ҳангоме ки андешидан одату табиати мо мегардад, он барои мо лаззату фараҳ мебахшад, ҳисси ғалабаву музаффариятҳо ва комёбиҳои нав ба нав моро фарогир мешавад ва мо дарк мекунем, ки тавони ҳама кори некро ба анҷом расонидан дорем. Чи тавре ки бо машқу тармими ҳаррӯза мо мушакҳои худро қавию бузург карда метавонем, «мушакҳои» сари мо низ бо машқҳои ҳаррӯзаи дуруст андешидан афзуну пурқувват мегарданд.
Дуруст андеша карданро ҳанӯз аз хурдсолӣ ёд гирифтан лозим аст ва аз ин рӯ, ҳар як падару модарро лозим меояд, ки ба фарзандон мустақилона фикр карданро омӯзонанд. Барои ин кор модару падарон аввал бояд донишманд бошанд ва ё ақаллан муҳим будани ин масъаларо фаҳмида, ба он мусоидат намоянд.
Китобчаҳои махсуси ривоҷи андешаи кӯдакони то синни мактабиро омода намуда, таълими онҳоро дар боғчаи бачагон таъмин намоянд. Барои модарону падарон низ дастрасӣ ба чунин китобу китобчаҳо ҳаётан муҳим аст. Аз тариқи васоити ахбори омма ҳамаҷониба ҳаёти солими кӯдак, роҳҳои инкишофи зеҳниву ҷисмонии бачагони томактабӣ тарғибу ташвиқ карда шавад.  
Дар макотиби таҳсилоти миёна тадриси илми мантиқ аз зинаҳои одиву осон, то як ҳадди муайян ҳатман ба роҳ монда шавад. Зеро маҳз мактаби таҳсилоти миёна бо ҳамкорӣ бо волидайн метавонанд тарзи дуруст ва мустақилона андешиданро ба талабагон омӯзанд. Барои тадриси илми мантиқ шарт нест, ки омӯзгорон дипломи олии ин соҳаро дошта бошанд. Омӯзгоре, ки зеҳни кофии дарсдиҳӣ дошта бошад, ба осонӣ метавонад, ки китобчаи махсуси «Фанни мантиқ – фанни андешаи дурусту солим» барои ҳар як синф омодашударо бо як - ду бор варақ задан азхуд кунад. Ҳеҷ набошад курсҳои кӯтоҳмуддат барои онҳо ташкил карда шаванд.
Дар ҳамаи макотиби олӣ омӯзиши илми мантиқ ба роҳ монда шавад ва соатҳои тадриси он на камтар аз дарсҳои ихтисосӣ бояд бошад.
Дар ҳар як донишгоҳҳои олӣ дар назди кафедраҳои фалсафа бояд ҳатман кафедраи илми мантиқ ифтитоҳ гардад. Илова бар он, дар ин кафедраҳо бояд мутахассисони илми мантиқ омода карда шаванд ва он масъули тайёр намудани аспирантону олимони илми мантиқ бошад, то ин ки дар ояндаи наздик он ба зудӣ ба факултаи мантиқ ва ҳатто ба Институти мантиқ табдил ёбад.
 
Фаррух ХУДОЙДОДОВ,
ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи илм
ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ,
номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2015    №: 109    Мутолиа карданд: 21597
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед