мулоқотҳо
НАМОЯНДАГОНИ ИДМ ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТ
26 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо баррасӣ шуд.
Масоили вобаста ба тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мебошанд.
Таъкид гардид, ки барои таъмини амну суботи доимӣ дар минтақа ва мусоидат ба рушди бонизоми ҷомеа бояд тамоми тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои ба амал баровардани ин чораҳо андешида шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.05.2015 №: 109 Мутолиа карданд: 1304